Рубл устуворияшро нигоҳ медорад: қурби асъор дар Тоҷикистон

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Дар бозори асъори Тоҷикистон рубл устуворияшро пас аз рӯзҳои истироҳатии моҳи май низ нигоҳ дошта, дар баробари дигар арзҳо таҳким ёфта истодааст
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 166 сомонӣ аст. Асъори русӣ устуворияшро дар ҳафтаи охири моҳи апрел оғоз карда, ҳамин тавр то кунун идома медиҳад.
Ба дунболи рубл вазъияти доллар низ бетағйир мондааст. Ҳоло дар кишвар ҳар як доллар 12.4950 сомонӣ арзиш дорад.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ пас аз башиддат коҳиш ёфтан, каме боло рафтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 13.2222 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳафтаи қаблӣ як евро 13.1800 сомонӣ арзиш дошт.
Пачки долларовых купюр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Коршинос гуфт, доллар дар пасманзари мушкилоти ҷаҳонӣ чӣ гуна тақвият меёбад
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 155 сомонӣ ва зимни фурӯш 168 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Амонатбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 153 ва дар фурӯш 155 сомонӣ аст. Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 160 ва дар фурӯш 167 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 155 сомонӣ мехараду ба ивази 170 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0