Ихроҷи беш аз ҳазор муҳоҷир аз Эрон

© AP / Jafar KhanАфганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане
Афганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Дар вилояти Нимрӯз мегӯянд, ки беш аз ҳазор муҳоҷир дар як рӯз аз қаламрави Эрон ихроҷ шуданд ва вориди ин вилоят гаштанд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Манобеъ аз вилояти Нимрӯз ба расонаҳо хабар додаанд, ки ахиран муҳоҷирон ба таври иҷборӣ радди марз шуда, ки шомили 49 хонавода бо 178 узванд ва 925 тан ҳам ба сурати инфиродӣ вориди ин кишвар шудаанд, менависад Sputnik Афғонистон.
Қаблан дар расонаҳо хабарҳое нашр шуда буд, ки аз соли 2021 то кунун 500 ҳазор афғонистонӣ ба Эрон муҳоҷират кардаанд.
Консулгарии Эрон дар Ҳирот низ дирӯз эълом кард, ҳамарӯза 1400 нафар бо раводид ба Эрон сафар мекунанд.
Афғонистон ба далели ҳаракати нақлиёт бо Эрон ду дибонгоҳи марзӣ дорад: Нимрӯз ва Исломқалъаи Ҳирот.
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Амруллоҳ Солеҳ: Муқовимат ба зудӣ дар саросари Афғонистон густариш меёбад
Қобили зикр аст, ки таъқиб, шиканҷа ва ихроҷи паноҳандагон аз пас аз тасарруфи ҳукумат дар Афғонистон аз сӯйи толибон ба таври назаррас афзоиш ёфт.
Ёдовар мешавем, ахиран Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) гуфт, пас аз тасаллути толибон бар Афғонистон Эрон ихроҷи муҳоҷирони афғонистониро ташдид кардааст.
Муовини дафтари намояндагии Созмони Муҳоҷират дар Афғонистон ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, ки дар се моҳи аввали соли равон ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ 60 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи вай, дар ин давра ҳудуди 250 ҳазор паноҳҷӯ ба Афғонистон баргаштаанд.
Вай афзуд, барои аксари ин афрод роҳи расидан ба Эрон хеле душвор будааст.
Лентаи хабарҳо
0