Амруллоҳ Солеҳ: Муқовимат ба зудӣ дар саросари Афғонистон густариш меёбад

© AP / Kamran JebreiliАмрулла Салех
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Муовини раисҷумҳури пешини Афғонистон мегӯянд, ки ба зудӣ дар саросари Афғонистон муқовимат алайҳи гурӯҳи толибон густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷумҳури пешини Афғонистон, ки аз кишвараш бо омадани толибон фирор кард, дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки ба зуди дар саросари Афғонистон муқовимати васеъ оғоз меёбад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Ин як муқовимати муқаддас аст. Дуруст аст, ки ин мубориза дар манотиқи хос мутамаркиз аст, аммо ин вижагии ингуна даргириҳост. Мисли як қатра рӯған рӯи коғаз, ки ба зудӣ ҳамаи онро мепӯшонад”, - навиштааст оқои Солеҳ.
Муовини раисҷумҳури пешини Афғонистон афзуд, ки ин мубориза то замоне, ки ба мардум ҳаққи интихоби раҳбарон ва низоми ҳукуматашон дода нашавад, қатъ нахоҳад шуд.
Амрулло Солех, заместитель президента Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Амруллоҳ Солеҳ: Толибон ҷуръати гуфтани ҳарфи дурушт дар муқобили Покистонро надоранд
Дар ҳамин ҳол, ахиран дар вилоятҳои Панҷшер, Бағлон ва Тахор миёни нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ва толибон даргириҳои шадид идома доранд.
Бар асари ин даргириҳо ҳарду ҷониб, бахусус толибон, талафоти зиёд дидаанд.
Аммо сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид зимни як нишасти матбуотӣ даргириҳо дар вилоятҳоро рад кард ва гуфт, ки дар ин вилоятҳо ҳазорон сарбозҳои толибон ҳузур доранд.
Ёдрас мешавем, ки бо суқути ҳукумати пешини Афғонистон ва фирори Ашраф Ғанӣраисҷумҳури ин кишвар ба хориҷ аксари сарбозону чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ба кишварҳои мухталиф фирор карданд. Аз ҷумла Амруллоҳ Солеҳ низ ба кишвари хориҷӣ фирор кард.
Лентаи хабарҳо
0