Бибӣ набераи ноболиғашро бар ивази 2,5 ҳазор доллар фурӯхт

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Кормандони пулис занеро бо иттиҳоми фурӯхтани наберааш боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Мақомоти пулиси шаҳри Исфара шаҳрванд А.Г-и 53-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Навгилеми шаҳри мазкурро бо иттиҳоми одамфурӯшӣ боздошт кардаанд.
Ба гузориши ВКД, боздоштшуда қасди фурӯши намедрааш, ноболиғдухтари даҳсоларо доштааст.
Хурсандмурод Фозилов, сардори ШВКД-1дар шаҳри Исфара гуфт, номбурда санаи 10-уми март боздошт гардид.

"Ӯ мехост, набераи нимятимашро, ки аз падар маҳрум ва модари бемор дошта, дар тарбияи ӯ қарор дорад, бар ивази 2500 доллар фурӯшад", - афзуд манбаъ.

Худи боздоштшуда зимни бозпурсӣ бо иқрори кирдораш гуфтааст, ки мехост набераашро ба дасти ягон одами хуб диҳад.
Гуфта мешавад, зимни чорабиниҳои фаврӣ далели мазкур тасдиқ шуда, аз ӯ 2500 доллари амрикоӣ дарёфт шуд.
Ҳамакнун пулис алайҳи ӯ бо моддаи 167-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардааст.
Мавриди зикр аст, ки ин моддаи қонун аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0