КҲФ аз шаш рӯзи боронгариҳо, селу жола ва боди шадид ҳушдор дод

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкДождь
Дождь  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Кумита ҳушдор медиҳад, ки боронгариҳои шадид, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонад давоми шаш рӯз зиндагии сокинонро мушкилзо кунад
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаво боз номусоид хоҳад шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки аз 10 то 16 майи соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар аст.
Манбаъ меафзояд, боронгариҳои шадид, боди сахт, жола ва раъду барқ метавонад як муддат зиндагии мардумро мушкилзо кунад.
Гуфта мешавад, бар асари ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ сатҳи об дар рӯдхонаҳо метавонад якбора боло шавад, хатари селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч, резиши санг вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол, кумитаи аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки муваққатан аз ҷамъоварии ҳезуму дору, занбурӯғ, моҳидорӣ ва чорвочаронӣ, шикор худдорӣ кунанд.
Последствия схода селевого потока  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Аз талафи чорво то тахриб шудани роҳу манзили сокинон: харобиҳои сел дар Тоҷикистон
Илова бар ин, кумита тавсия додааст, ки ҳангоми раъду барқ аз зери симчӯбҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ дур шуда, телефон ва таҷҳизоти барқиро набояд истифода бурд.
КҲФ ба ронандагон низ тавсия додааст, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва суръати мошинро набояд оло бурд.
Кумита чун ҳамеша аз аҳолӣ хоҳиш мекунад қабл аз оғози боронҳо ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, сангу рег тоза кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки боронгариҳои чанд рӯз қабл ба сокинони русто хисороти зиёд овард. Аз ҷумла дар баъзе ноҳияҳо пулҳо миёни деҳаҳо хароб гардида, роҳҳои мошингард низ барои чанд муддаст масуд гардиданд.
Селу обхезиҳо манзили сокинонро низ хароб кард.
Лентаи хабарҳо
0