Лукашенко дар бораи хатари ҳамлаи эҳтимолии Лаҳистон ба Беларус гуфт

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Белоруссии А. Лукашенко
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Белоруссии А. Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Беларус дар мавриди эҳтимоли ҳамлаи Лаҳистон ба хоки Беларус гуфт, ки "бигзор кӯшиш кунанд, шохашонро мешиканем"
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар шарҳи таҳдиди ҳамла ба ин кишвар аз ҷониби Лаҳистон гуфт, "онҳо ин гуна шохро мешикананд".
Кишвардори Беларус дар ин бора рӯзи душанбе ба суоли хабарнигорон дар бораи эҳтимоли ҳамлаи Лаҳистон ба Беларус хабар дод.

"Бигзор онҳо кӯшиш кунанд, мо шохи ин гуна ҳамлагаронро мешиканем. Агар хоҳиш дошта бошанд, марҳамат", - афзуд президенти Беларус.

Вай гуфт, Минск вазъ дар наздикии марзи худ, фаъолияти НАТО дар Ғарб ва афзоиши теъдоди нерӯҳо дар минтақаи марзии кишварҳои ҳамсояро бодиққат назорат мекунад.
Дар ин робита Лукашенко пешниҳод кардааст, ки бо ин роҳ мехоҳанд таваҷҷуҳи Минск ва Маскавро аз Украина дур кунанд.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Кишварҳои НАТО шунидан нахостанд - Путин дар бораи амалиёти махсуси Русия
Ҳамзамон Лукашенко ба кишварҳои ғарбӣ ёдоварӣ кард, ки дар паси Беларус Русия, як қудрати ҳастаӣ аст, ки Минск бо он дар заминаи дифоъ ва амният тавофуқоти мувофиқ дорад.
Лукашенко ҳамчунин эътироф кард, вақтҳои охир бо ҳамтои русаш Владимир Путин ин мавзуъро зуд-зуд матраҳ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0