https://sputnik.tj/20220410/amrulloh-soleh-tolibon-muqobili-pokiston-1047519685.html
Амруллоҳ Солеҳ: Толибон ҷуръати гуфтани ҳарфи дурушт дар муқобили Покистонро надоранд
Амруллоҳ Солеҳ: Толибон ҷуръати гуфтани ҳарфи дурушт дар муқобили Покистонро надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали давлати пешини Афғонистон дар вокуниш ба даргирӣ миёни толибон ва марзбонони покистонӣ гуфт толибони маздурон Покистонанд ва ҷуръут иқдом алайҳи низомиёни ин кишварро надоранд
2022-04-10T18:10+0500
2022-04-10T18:10+0500
2022-04-11T14:08+0500
афғонистон
толибон
покистон
амруллоҳ солеҳ
вокуниш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040773670_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_54dff71efa2f8452263fd319f22b5c9e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури фирории пешини Афғонистон, ахиран вобаста ба даргириҳом миёни толибону марзбонони покистонӣ дар устони Нимрӯз, дар марз бо Покистон вокуниш кардааст.Оқои Солеҳ гуфт, толибон лухтакҳои покистонӣ ҳастанд ва ҷуръат намекунанд алайҳи артиши Покистон иқдом кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Муовини аввали раисҷумҳури фирории пешини Афғонистон хабари даргириҳои марзиро тақаллуб хонд ва афзуд, ки толибон барои эҷоди як ҳувияти мустақил ва муаррифии симои мусбӣ иқдомоте меандешанд.Оқои Солеҳ бар он аст, ки толибон мехоҳанд танҳо нишон диҳанд, ки бо Покистон вобастагӣ надоранд.Амруллоҳ Солеҳ даргириҳо дар марзи Покистонро ҷанги миёни муборизони озодии Балуҷ ва сарбозони покистонӣ номид, на ҷанги толибон бо покистониҳо.Ӯ дар як паём дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ навишт: “Гоҳу ногоҳ озодихоҳони балуҷ фаъолият доранд, на толибон. Сохтор ва зербинои толибон чунон аст, ки имкони гуфтани ҳарфи дурушт дар муқобили Покистонро надоранд, чӣ расад ба даргирӣ”.
https://sputnik.tj/20220404/imron-khon-maqom-nakhustvazir-pokiston-barkanor-1047323388.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040773670_264:0:1831:1175_1920x0_80_0_0_3d7b5e875f0cbcabc617e50d0f17aabb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, покистон, толибон, амруллоҳ солеҳ, вокуниш,
афғонистон, покистон, толибон, амруллоҳ солеҳ, вокуниш,
Амруллоҳ Солеҳ: Толибон ҷуръати гуфтани ҳарфи дурушт дар муқобили Покистонро надоранд
18:10 10.04.2022 (Навсозишуда: 14:08 11.04.2022) Муовини аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон дар вокуниш ба даргирии миёни толибону марзбонони покистонӣ гуфт, толибони муздурони Покистонанд ва ҷуръут иқдом алайҳи низомиёни ин кишварро надоранд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури фирории пешини Афғонистон, ахиран вобаста ба даргириҳом миёни толибону марзбонони покистонӣ дар устони Нимрӯз, дар марз бо Покистон вокуниш кардааст.
Оқои Солеҳ гуфт, толибон лухтакҳои покистонӣ ҳастанд ва ҷуръат намекунанд алайҳи артиши Покистон иқдом кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Муовини аввали раисҷумҳури фирории пешини Афғонистон хабари даргириҳои марзиро тақаллуб хонд ва афзуд, ки толибон барои эҷоди як ҳувияти мустақил ва муаррифии симои мусбӣ иқдомоте меандешанд.
Оқои Солеҳ бар он аст, ки толибон мехоҳанд танҳо нишон диҳанд, ки бо Покистон вобастагӣ надоранд.
Амруллоҳ Солеҳ даргириҳо дар марзи Покистонро ҷанги миёни муборизони озодии Балуҷ ва сарбозони покистонӣ номид, на ҷанги толибон бо покистониҳо.
Ӯ дар як паём дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ навишт: “Гоҳу ногоҳ озодихоҳони балуҷ фаъолият доранд, на толибон. Сохтор ва зербинои толибон чунон аст, ки имкони гуфтани ҳарфи дурушт дар муқобили Покистонро надоранд, чӣ расад ба даргирӣ”.