https://sputnik.tj/20220508/putin-rahmon-solgardi-ghalaba-jbv-1048294881.html
Путин Раҳмонро бо солгарди Ғалаба дар ҶБВ шодбош гуфт
Путин Раҳмонро бо солгарди Ғалаба дар ҶБВ шодбош гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Паёми шодбошии раисҷумҳури Русия ба муносибати 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ ба роҳбарони зиёда аз 10 давлат ва шаҳрвандон фиристода шуд
2022-05-08T15:46+0500
2022-05-08T15:46+0500
2022-05-08T15:46+0500
дар русия
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
президенти тоҷикистон
ғалаба
шодбошӣ
собиқадорони ҷбв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039331132_0:0:3059:1722_1920x0_80_0_0_69b952ceca09de8764548cef9021d95f.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Владимир Путин, президентиРусия ҳамтои тоҷикистонияш, Эммоалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳуриро бо иди Ғалаба шодбош гуфт. Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар дод. Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон инчунин роҳбарони зиёда аз 10 кишвари дигар низ аз президенти Русия паёмҳои шодбошӣ гирифтаанд. Инчунин паёмҳои табрикотӣ ба муносибати солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ басокинони Гурҷистон ва Украина ирсол гардидааст. Путин дар табрикоти худ таъкид кардаст, ки таҷлили рӯзи Ғалаба ин поси хотири сарбозон ва коргарони ақибгоҳ аст, ки бо қимати қурбониҳо ва машаққатҳои бешумор, нозигароиро сарнагун карданд. Ӯ афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир вазифаи умумӣ "ҷилавгирӣ аз эҳёи нозигароӣ аст, ки ба сари мардуми кишварҳои мухталиф ин қадар азобу уқубат овардааст". Путин барои наслҳои нав таманно кард, ки сазовори хотираи неки падарону бобоёни худ бошанд. Дар паёми раисҷумҳури Русия ба сарони ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск омадааст, ки "имрузҳо хизматчиёни ҳарбии мо мисли гузаштагони худ паҳлу ба паҳлӯ барои аз нозиҳо озод кардани сарзамини худ мубориза мебаранд". Владимир Путин дар паёми худ ба собиқадорон ва шаҳрвандони Украина, ба ғайри қобили қабул будани интиқоми ворисони идеологии онҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мағлуб шудаанд, таъкид кардааст. Вай зимни муроҷиат ба роҳбарон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ барои собиқадорони ҷанг ва кормандони ақибгоҳ миннатдорӣ баён намуда, ба онҳо саломатии бардавом, хонаободӣ ва умри дароз таманно намуд.
https://sputnik.tj/20220507/maskav-kuhansarbozone-tojikiston-khidmat-1048283706.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039331132_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_1f9e72f8c41ad2f3e1f8b4726bd23101.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, раҳмон, муносибат, ид, ғалаба
путин, раҳмон, муносибат, ид, ғалаба
Путин Раҳмонро бо солгарди Ғалаба дар ҶБВ шодбош гуфт
Паёми шодбошии раисҷумҳури Русия ба муносибати 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ ба роҳбарони зиёда аз 10 давлат ва шаҳрвандон фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Владимир Путин, президентиРусия ҳамтои тоҷикистонияш, Эммоалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳуриро бо иди Ғалаба шодбош гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар дод. Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон инчунин роҳбарони зиёда аз 10 кишвари дигар низ аз президенти Русия паёмҳои шодбошӣ гирифтаанд.
Инчунин паёмҳои табрикотӣ ба муносибати солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ басокинони Гурҷистон ва Украина ирсол гардидааст.
Путин дар табрикоти худ таъкид кардаст, ки таҷлили рӯзи Ғалаба ин поси хотири сарбозон ва коргарони ақибгоҳ аст, ки бо қимати қурбониҳо ва машаққатҳои бешумор, нозигароиро сарнагун карданд.
"Ҳақиқатро дар бораи рӯйдодҳои солҳои ҷанг, арзишҳои муштараки маънавӣ ва анъанаҳои дӯстии бародаронаро нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда мерос гузоштан лозим аст”, - муҳим хондаст ФР.
Ӯ афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир вазифаи умумӣ "ҷилавгирӣ аз эҳёи нозигароӣ аст, ки ба сари мардуми кишварҳои мухталиф ин қадар азобу уқубат овардааст".
Путин барои наслҳои нав таманно кард, ки сазовори хотираи неки падарону бобоёни худ бошанд.
Дар паёми раисҷумҳури Русия ба сарони ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск омадааст, ки "имрузҳо хизматчиёни ҳарбии мо мисли гузаштагони худ паҳлу ба паҳлӯ барои аз нозиҳо озод кардани сарзамини худ мубориза мебаранд".
Владимир Путин дар паёми худ ба собиқадорон ва шаҳрвандони Украина, ба ғайри қобили қабул будани интиқоми ворисони идеологии онҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мағлуб шудаанд, таъкид кардааст.
Вай зимни муроҷиат ба роҳбарон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ барои собиқадорони ҷанг ва кормандони ақибгоҳ миннатдорӣ баён намуда, ба онҳо саломатии бардавом, хонаободӣ ва умри дароз таманно намуд.