https://sputnik.tj/20220507/maskav-kuhansarbozone-tojikiston-khidmat-1048283706.html
Дар Маскав дидори куҳансарбозоне, ки дар Тоҷикистон хидмат кардаанд, баргузор мешавад
Дар Маскав дидори куҳансарбозоне, ки дар Тоҷикистон хидмат кардаанд, баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ба муносибати Рузи ғалаба дар боғи маданият ва истироҳати Маскав ба номи Горкий, вохӯрии собиқадорон доир мешавад, ки солҳои гуногун дар Тоҷикистон хизмат кардаанд
2022-05-07T19:24+0500
2022-05-07T19:24+0500
2022-05-07T19:27+0500
дар тоҷикистон
дар русия
рӯзи ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/07/1048277563_0:172:3065:1896_1920x0_80_0_0_b9b653e3c41935352ef6167c8b115134.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар Маскав пас аз танаффуси дусола мулоқоти собиқадорони даргириҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои пойгоҳи 201-уми ва Гурӯҳи нерӯҳои марзбонии Русия дар ин ҷумҳурӣ хидмат кардаанд, баргузор мешавад.Ҳамин тариқ, Фонди ҷамъиятии вилоятии собиқадорони "Ваҳдат" вохӯриҳои анъанавии солонаи худро аз сар мегирад. Чорабинӣ дар Рузи ғалаба 9 май дар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии Маскав ба номии Горкий доир мешавад. Ҷамъомади ҳамаи хоҳишмандони ширкат дар даромадгоҳи марказии боғ аз соати 11-00 то 12-00 вақти Маскав барпо мегардад. Барномаи чорабинӣ низ маълум аст. Барои меҳмонон қисми тантанавӣ омода карда шуда, баромади собиқадорон ба нақша гирифта шудааст ва соати 12:30 супоридани ҷоизаҳо оғоз мегардад.Пас аз он ҳозиринро ҳунарнамоии гуруҳи навозандагони ВИА "Иван"-и пойгоҳи 201-ум интизор аст.Ғайр аз ин, муоширати собиқадорони, хӯроки сарбозӣ, намоиши аксҳо, тамошои экспонатхои музей, суруду рақс доир мешавад.Қаблан маълум шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми май дар маросими гузоштани гулчанбар ба "Оташи абадӣ" дар Боғи Ғалабаи Душанбе ширкат хоҳад кард.Инчунин ба хотираи қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ як дақиқа хомӯшӣ эълон карда мешавад. Дар доираи чорабинӣ ротаи каровули фахрӣ барпо гардида, оркестри ҳарбии полки комендатии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баромад мекунад. Ба ин маросим раҳбарони бахшҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудаанд.
https://sputnik.tj/20220506/peskov-ghalaba-sokinon-sobiq-shuravi-muqaddas-1048246823.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/07/1048277563_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_25da97651113541a425276b657066065.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғалаба маскав куҳансарбозон
ғалаба маскав куҳансарбозон
Дар Маскав дидори куҳансарбозоне, ки дар Тоҷикистон хидмат кардаанд, баргузор мешавад
19:24 07.05.2022 (Навсозишуда: 19:27 07.05.2022) Ба муносибати Рузи ғалаба дар боғи маданият ва истироҳати Маскав ба номи Горкий, вохӯрии собиқадорон доир мешавад, ки солҳои гуногун дар Тоҷикистон хизмат кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар Маскав пас аз танаффуси дусола мулоқоти собиқадорони даргириҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои пойгоҳи 201-уми ва Гурӯҳи нерӯҳои марзбонии Русия дар ин ҷумҳурӣ хидмат кардаанд, баргузор мешавад.
Ҳамин тариқ, Фонди ҷамъиятии вилоятии собиқадорони "Ваҳдат" вохӯриҳои анъанавии солонаи худро аз сар мегирад.
Чорабинӣ дар Рузи ғалаба 9 май дар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии Маскав ба номии Горкий доир мешавад. Ҷамъомади ҳамаи хоҳишмандони ширкат дар даромадгоҳи марказии боғ аз соати 11-00 то 12-00 вақти Маскав барпо мегардад.
Барномаи чорабинӣ низ маълум аст. Барои меҳмонон қисми тантанавӣ омода карда шуда, баромади собиқадорон ба нақша гирифта шудааст ва соати 12:30 супоридани ҷоизаҳо оғоз мегардад.
Пас аз он ҳозиринро ҳунарнамоии гуруҳи навозандагони ВИА "Иван"-и пойгоҳи 201-ум интизор аст.
Ғайр аз ин, муоширати собиқадорони, хӯроки сарбозӣ, намоиши аксҳо, тамошои экспонатхои музей, суруду рақс доир мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми май дар маросими гузоштани гулчанбар ба "Оташи абадӣ" дар Боғи Ғалабаи Душанбе ширкат хоҳад кард.
Инчунин ба хотираи қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ як дақиқа хомӯшӣ эълон карда мешавад.
Дар доираи чорабинӣ ротаи каровули фахрӣ барпо гардида, оркестри ҳарбии полки комендатии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баромад мекунад.
Ба ин маросим раҳбарони бахшҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудаанд.