Чӣ гуна "Оташи хотира"-ро дар кишварҳои хориҷӣ истиқбол гирифтанд - видео

Обуна шудан
Фонусҳо бо "Оташи хотира"-ро, ки дар шаҳри Маскав дар оромгоҳи сарбози номаълум рӯшан карда шуданд, ба кишварҳои собиқ шӯравӣ интиқол ёфтанд
Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое, ки буд, ки "Оташи хотира"-ро баробари кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пазируфт.
Маъракаи "Оташи хотира" 6 сол боз баргузор мешавад ва дар соли равон мақоми байналмилалиро касб кард. Ин фонусҳои рамзӣ, ки аз оташи оромгоҳи сарбози номаълум дар Маскав рӯшан шуданд ба кишвари ҷаҳон расонида шудааст.
Ин маърака рӯзи 6 май аз боғи Александр дар Маскав оғоз гардида, аз фонусҳо ба 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ба Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Осетияи Ҷанубӣ ва ғайра расонида шуд.
Маросими "Оташи хотира" аз ҷониби Фронти халқии умумирусиягӣ гузаронида мешавад. Соли 2021 дар ин иқдоми ватандӯстона беш аз 900 нафар ширкат варзида, дар 11 минтақа ҳудуди 100 чароғ бо пораҳои оташи абадӣ ба собиқадорон супорида шуд.
Раиси Суғд гуфт, чаро рӯзи Ғалаба бояд ҳамеша таҷлил шавад - аксҳо
Дар Тоҷикистон низ дар баробари қабули "Оташи хотира" инчунин маъракаҳои дигари фарҳангӣ фароғатӣ бахшида ба рӯзи Ғалаба баргузор мешаванд.
Аз ҷумла дар назар аст, ки 9-уми май дар Душанбе баргузории "Ҳанги ҷовидон" дар назар аст.
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар Тоҷикистон гуфт, макони ҷамъомади иштирокдорони "Ҳанги ҷовидон" майдон дар саршавии роҳи симӣ ё худ канатии Душанбе ва собиқ бинои Донишкадаи андоз дар кӯчаи Дӯстии халқҳо мебошад.
Вақти ҷамъоӣ аз соати 10:00 то 10:30 нишон дода шудаст. Ҳаракати иштирокдорон сӯи оташи ҷовидон дар Боғи Ғалаба соати 10:30 оғоз мешавад.
Аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор нафар иштирок кардаанд, ки беш аз 90 ҳазори онҳо аз ҷабҳаи набард барнагаштанд.
Лентаи хабарҳо
0