Суқути се вулусволии Панҷшер ба дасти артиши Масъуд

© AFP 2023 / Ahmad Sahel Arman Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Ҷангиёни толибон пас аз фишори нерӯҳои муқовимат аз ин се вулусволӣ ба маркази вилоят – Бозорак фирор карда, ҳоло ҷангҳои шадид дар дигар манотиқ идома дорад
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз забти се вулусолии дараи Панҷшер хабар дод.
Ин аввалин вулусволиҳое ҳастанд, ки пас аз суқути дараи Панҷшер – хостгоҳи муқовимати дуввум алайҳи толибон, ба дасти нерӯҳои муқовимати зиддитолибонӣ мегузарад.
Каюмарси Маздак, як узви Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар Панҷшер ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи даргириҳое, ки рӯзи гузашта дар дараи Абдуллохели вулусволии Дара шуруъ шуданд ва то субҳи имрӯз 7 май идома доранд, се вулусволии вилоят пайиҳам суқут карданд.

“Инҳо вулусволиҳои Обшор, Дара ва Хинҷ ҳастанд, ки дар қисматҳои марказии дараи Панҷшер ҷойгиранд. Нерӯҳои толибон пас аз фишори нерӯҳои муқовимат аз ин се вулусволӣ ба самти маркази вилоят – Бозорак фирор карданд. Ҳоло ҷанг дар вулусволии Шутул низ авҷ гирифтааст”, - гуфт Каюмарси Маздак.

Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар пайи ҷангҳои ахир дар Панҷшер ҳудуди 20 ҷангии толибон ба ҳалокат расидаанд, ки ҷасадҳояшон дар майдонҳои ҷанг боқӣ мондаанд ва ҳам 6 нафари дигар ба асорат афтодаанд.
Дар бораи захмиён иттилоъи дақиқ нест.
Солдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Амрико: Нерӯҳои вижаи артиши пешини Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимат пайвастанд
Панҷшер – хостгоҳи муқовимати дуввуми зиддитолибонӣ дар Афғонистон дар даҳаи аввали моҳи сентябри соли гузашта ба дасти толибон суқут карда буд.
Ин дараи таърихӣ охирини 34 вилояти Афғонистон буд, ки пас аз муқовимати қариб даҳрӯза ба тасарруфи толибон даромад.
Раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба дасти Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввали зиддитолибонӣ дар солҳои 1996 – 2001 аст.
Лентаи хабарҳо
0