https://sputnik.tj/20220403/amriko-neruhoi-vizhai-artishi-afghoniston-jabhai-muqovimat-1047315976.html
Амрико: Нерӯҳои вижаи артиши пешини Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимат пайвастанд
Амрико: Нерӯҳои вижаи артиши пешини Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимат пайвастанд
Sputnik Тоҷикистон
Бозрасии вижаи ИМА дар умури бозсозии Афғонистон ба нақл аз Ожонсии иттилоот дифоии Амрико гуфтааст, ки сарбозони артиши ҳукумати пешини Афғонистон, аз ҷумла фармондеҳон, ба “Ҷабҳаи муқовимат” алайҳи Толибон пайвастаанд
2022-04-03T19:25+0500
2022-04-03T19:25+0500
2022-04-04T13:27+0500
афғонистон
амрико
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
сарбозон
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102283/90/1022839056_0:0:5760:3240_1920x0_80_0_0_d8f51a88d1d2b7ced470274ee8f5ac47.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, раиси равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат бо таъйиди ин иддаои СИГАР гуфтааст, ки нерӯҳои пешин сутуни фақароти ин ҷабҳаро ташкил медиҳанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Оқои Назарӣ дар твиттери худ дар истинод ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат навиштааст, ки ин ҷабҳа дар пайи эҳёи артиши собиқи Афғонистон аст.Артиши Афғонистон дар моҳи августи соли гузашта, пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба дасти толибон суқут кард.Дар авоили моҳи августи соли 2021 толибон ҳамлаҳои худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, баровардани шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102283/90/1022839056_320:0:5440:3840_1920x0_80_0_0_1e2de08dd57123443ec480a62e05d48e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонситон, има, амрико, артиш, сарбозон, пешин, ҳукумат, ҷабҳаи муқовимати миллӣ
афғонситон, има, амрико, артиш, сарбозон, пешин, ҳукумат, ҷабҳаи муқовимати миллӣ
Амрико: Нерӯҳои вижаи артиши пешини Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимат пайвастанд
19:25 03.04.2022 (Навсозишуда: 13:27 04.04.2022) Бозрасии вижаи ИМА дар умури бозсозии Афғонистон ба нақл аз Ожонсии иттилоот дифоии Амрико гуфтааст, ки сарбозони артиши ҳукумати пешини Афғонистон, аз ҷумла фармондеҳон ба Ҷабҳаи муқовимат алайҳи Толибон пайвастаанд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, раиси равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат бо таъйиди ин иддаои СИГАР гуфтааст, ки нерӯҳои пешин сутуни фақароти ин ҷабҳаро ташкил медиҳанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Оқои Назарӣ дар твиттери худ дар истинод ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат навиштааст, ки ин ҷабҳа дар пайи эҳёи артиши собиқи Афғонистон аст.
Артиши Афғонистон дар моҳи августи соли гузашта, пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба дасти толибон суқут кард.
Дар авоили моҳи августи соли 2021 толибон ҳамлаҳои худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, баровардани шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни Амрико дар Афғонистон хотима доданд.