Песков: Рӯзи ғалаба барои сокинони шӯравии собиқ муқаддас аст

© Sputnik / Сергей ГунеевДмитрий Песков
Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Аз нуқтаи назари ифтихори миллӣ, Иди Ғалаба барои русиягиҳо бебаҳост ва чизе наметавонад онро халалдор кунад, изҳор дошт намояндаи Кремл
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik Рӯзи ғалаба барои русиягиҳо ва қариб ҳамаи сокинони Иттиҳоди Шӯравии собиқ муқаддас мебошад, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия.

"Рӯзи ғалаба танҳо ид нест. Ин рӯз барои ҳамаи русҳо, русиягиҳо, қариб барои ҳамаи сокинони қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқ муқаддас мебошад", - афзуд ӯ.

Намояндаи Кремл таъкид кард, ин ҷашни пур аз дард барои қурбониён, пур аз ифтихор барои кишвар, барои ғалаба мебошад, ки чизе наметавонад онро камранг намояд.
Вай ҳамчунин афзуд, аз нуқтаи назари ифтихори миллӣ, Иди Ғалаба бебаҳосст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ ба таври густурда таҷлил мешавад. Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон низ барои поси хотири қаҳрамонҳои Ҷанги бузурги ватанӣ маъракаҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ дар назар аст.
Дар маҷмуъ маросими "Ҳанги ҷовидон" аз тариқи ҳузурӣ дар 88 давлати дунё баргузор мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлил аз Рӯзи ғалаба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Кумаки 15-ҳазории Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як аз куҳнасарбози ҶБВ
Уктам Акрамов, муовини раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти кишвар гуфт, субҳи 9 май дар майдони "Ғалаба", назди танк маросими баҳамоӣ ва гулгузорӣ сурат гирифта, пас аз он роҳпаймоӣ оғоз мешавад.
Таъкид гардид, ки роҳпаймоии иштирокдорон бо акси куҳансарбозон то боғи "Ғалаба" идома мекунад.
Акрамов гуфт, барнома дар боғи "Ғалаба" аз гулгузорӣ дар назди "Оташи ҷовидон" ва ҳайкали ҷанговарони кушташуда оғоз шуда, бо суханронии масъулини чорабинӣ ва ҳозирин поён меёбад.
Лентаи хабарҳо
0