Ба Кӯлоб дармонгоҳҳои сайёри тиббӣ доданд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкНовая станция скорой помощи
Новая станция скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Дар чаҳорчӯби барномаи хайрияи "Фоили хайр" дармонгоҳҳои сайёр аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон оварда шуданд, ки дорои тамоми имконоти тибби муосир аст
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон дармонгоҳҳои нави сайёри тиббӣ пайдо шуданд, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ ҳадя шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Онҳо дар доираи барномаи хайрияи "Фоли Хайр"-и Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии умури башардӯстонаи шоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ба қаламрави вилояти Хатлон оварда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар чаҳорчӯби ин тарҳ чаҳор минтақаи Тоҷикистон ба таври фаврӣ бо панҷ бунгоҳи сайёр, кумакҳои аввалия ва дуввуми пизишкӣ, ташхис, ҷарроҳӣ ва радиология таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамаи ин боиси баланд шудани сифати хизматрасони тиббӣ мегардад, ки дар панҷсолаи ҷорӣ 700 ҳазор нафар одамон метавонанд аз он истифода кунанд. Маълум аст, ки барои иҷрои ин тарҳ 18 миллион доллар ҷудо шудааст.
Маросими ифтитоҳ ва супоридани дармонгоҳҳои сайёр дар шаҳри Кӯлоб доир гардид. Дар он муовини нахуствазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сафири Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ширкат доштанд.
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Тасмими Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таъсиси корхонаи дорусозӣ
Илова бар ин, дар ин маросим вазири тадурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
Ҳайати бо таҷҳизоти дармонгоҳи сайёри тиббӣ шинос шуд, ки ба он якбора панҷ имкони махсуси ёрии таъҷилӣ дохил мешуд, ки инҳо ядакҳо ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ мебошанд.
Матлубахон Сатториен ҳозиринро бо ин чорабинӣ табрик гуфта, барои дастгирии соҳаи тандурустӣ дар минтақаҳо изҳори сипос намуд.
Мавриди зикр аст, ки чунин барномаи хайриявӣ дар беш аз 15 кишвари ҷаҳон амалӣ мешавад. Аз ҷумла дар Покистон, Индонезия, Нигерия, Бангладеш, Афғонистон, Сомалӣ, мамлакатҳои Африқои Ғарбӣ, Судон ва дигар мамлакатҳо.
Лентаи хабарҳо
0