Тасмими Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таъсиси корхонаи дорусозӣ

© Sputnik / Рамиз БахтияровФлаги Узбекистана и Таджикистана
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
То кунун Тоҷикистон танҳо даҳ фисади талаботи доруи дохилиро истеҳсол мекунад ва талош дорад бо дарёфти шарикони хориҷа ин бахшро рушд додаву бозорро азхуд кунад
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд, ки корхонаи муштаракт дорусозӣ иаъсис диҳанд.
Ин тарҳи муштарак зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири тандурустии он кишвар Беҳзод Мусоев дар Тошканд баррасӣ гардидааст.
Дар ин мулоқотт ҳамзамон сайёҳии тиббӣ ва сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни кишварҳоро дар самти тандурустӣ баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон..
Ҷонибҳо доир ба бозомӯзии мутахассисони Тоҷикистон дар муассисаҳои муосири тиббии Ӯзбекистон дар самтҳои вирусология, микробиология, эпидемиология, иммунология изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова со студентами и преподавателями МГИМО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Дар Ӯзбекистон филиали донишгоҳҳои Тоҷикистон таъсис меёбанд
Гуфта мешавад, инчунин баргузор намудани Рӯзҳои тиббии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, таҳия ва ба имзо расонидани "Харитаи роҳ" миёни ду вазорати тандурустии кишварҳо аз мазуоти муҳим будааст, ки сари он изҳори назар сурат гирифтааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон барои рушди бахши дорусозӣ талош дорад ва барномаҳои мушаххаст низ рӯйи кор аст, аммо то кунун бештари маводи мариди ниёзи аҳолӣ аз хориҷ ворид мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар се моҳи аввали соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 53,5 миллион доллар дору ва лавозимоти тиббӣ ворид ворид кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 18,9 миллион доллар бештар аст.
Ин ниҳод мегӯяд, то имрӯз беш аз 90 дарсади доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
Ба таъкиди ин ниҳод, бахши фармасевти мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҳукумат буда, дар натиҷаи дастгирии давлат номгӯи доруворӣ дар кишвар аз 88 адади соли 2015 дар соли 2020 ба 404 адад афзоиш ёфт.
Лентаи хабарҳо
0