https://sputnik.tj/20220507/chupon-maktabkhon-halok-khf-1048279274.html
Чӯпонеро раъду барқ заду ду мактабхон дар об ҳалок шуд: гузориши КҲФ аз фоҷиаҳои гузашта
Чӯпонеро раъду барқ заду ду мактабхон дар об ҳалок шуд: гузориши КҲФ аз фоҷиаҳои гузашта
Sputnik Тоҷикистон
Тайи се рӯзи гузашта дар пайи ҳаводиси гуногун дар Тоҷикистон се тан ҳалок шудаанд, ки ду нафарашон хонанда мактаб будаанд
2022-05-07T16:13+0500
2022-05-07T16:13+0500
2022-05-07T16:13+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
раъду барқ
худкушӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/05/1032024128_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_99a187878ccc472ea6b8b098c9859a90.jpg
ДУШАНБЕ, 237 май — Sputnik. Як сокини 53-солаи деҳаи Заркони ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми чаронидани чорво дар пайи раъду барқ ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар пайи ин ҳодиса 27 сар чорвои хурд низ фавтидааст.Ҳодисаи дигари нохушро ин ниҳод аз ноҳияи Дарвоз сабт кардааст.Гуфта мешавад, як рӯз қабл соати 11:30 як хонандаи синфи 7 МТМУ №6 аз деҳаи Шикеви ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ҳангоми оббозӣ дар рӯди Панҷ ғарқ шудааст.Ҷисми марҳумро аҳолии деҳа пайдо кардаву ба волидонаш супурдаанд.Ҳамчунин КҲФ аз худкушии як мактабхони дигар дар шаҳри Панҷакент гузориш медиҳад.Манбаъ мегӯяд, санаи 4-май соати 10:00 дақиқа хаонандаи синфи 8-уми МТМУ №15 шаҳри Панҷекат баъди дарс аз мактаб баромада, ба самти номаълум меравад ва касе дигар хабаре аз ӯ пайдо намекунад.Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми май пайдо ва ба наздиконаш супурдаанд.Ин ниҳод мегӯяд, Сабаби даст ба худкушӣ задани ин хонанда таҳқиқ мешавад.
https://sputnik.tj/20220507/gharq-najoti-kudaki-id-khf-1048277723.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/05/1032024128_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_f57315734f887143fb42ee184fd173a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чӯпоне раъду барқ мактабхон ҳалок об
чӯпоне раъду барқ мактабхон ҳалок об
Чӯпонеро раъду барқ заду ду мактабхон дар об ҳалок шуд: гузориши КҲФ аз фоҷиаҳои гузашта
Тайи се рӯзи гузашта дар пайи ҳаводиси гуногун дар Тоҷикистон се тан ҳалок шудаанд, ки ду нафарашон хонанда мактаб будаанд
ДУШАНБЕ, 237 май — Sputnik. Як сокини 53-солаи деҳаи Заркони ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми чаронидани чорво дар пайи раъду барқ ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар пайи ин ҳодиса 27 сар чорвои хурд низ фавтидааст.
Ҳодисаи дигари нохушро ин ниҳод аз ноҳияи Дарвоз сабт кардааст.
Гуфта мешавад, як рӯз қабл соати 11:30 як хонандаи синфи 7 МТМУ №6 аз деҳаи Шикеви ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ҳангоми оббозӣ дар рӯди Панҷ ғарқ шудааст.
Ҷисми марҳумро аҳолии деҳа пайдо кардаву ба волидонаш супурдаанд.
Ҳамчунин КҲФ аз худкушии як мактабхони дигар дар шаҳри Панҷакент гузориш медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, санаи 4-май соати 10:00 дақиқа хаонандаи синфи 8-уми МТМУ №15 шаҳри Панҷекат баъди дарс аз мактаб баромада, ба самти номаълум меравад ва касе дигар хабаре аз ӯ пайдо намекунад.
"Мақомот баъди дидани наворҳои камераҳои назоратии болои пӯли мошингузари ҷамоати деҳоти Хурмӣ мушоҳида кардаанд, ки мавсуф худро аз болои пӯл ба дарёи Зарафшон сарозер крадааст", - афзудааст манбаъ.
Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми май пайдо ва ба наздиконаш супурдаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, Сабаби даст ба худкушӣ задани ин хонанда таҳқиқ мешавад.