https://sputnik.tj/20220506/tojikiston-zabon-rusi-1048246974.html
Паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон забони русӣ меомӯзанд
Паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон забони русӣ меомӯзанд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи барномаи лоиҳаи нави таълимӣ дар аввалин донишҷӯёни курсҳои забономӯзӣ дар Тоҷикистон. фарзандони гурезаҳои Афғонистон хоҳанд шуд
2022-05-06T16:15+0500
2022-05-06T16:15+0500
2022-05-06T17:57+0500
дар тоҷикистон
маориф
забони русӣ
омӯзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042101638_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d9cdbfc7742cda9e77e051469781ef90.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ дар Тоҷикистон забони русӣ дарс медиҳанд.Аввалин шунавандагони курсҳои нав фарзандони гурезаҳои афғонистонӣ хоҳанд буд, хабар додааст хадамоти матбуотии донишгоҳ ба ТАСС. Курсҳои забономӯзӣ ҳамчун лоиҳаи нави муштарак бо намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон таъсис мешаванд. "Курсҳо дар шакли онлайнӣ ва ҳузурӣ дар маҳалли Маркази фарҳангӣ ва таълимии Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе баргузор мешаванд", - гуфтааст ректори донишгоҳ Дмитрий Беспалов. Донишгоҳи федеролии Қафқози Шимолӣ бо донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тарҳҳои муштарак таҳия мекунад. Қаблан дар чорчӯби ин ҳамкориҳо дар Тоҷикистон “Ҳафтаи математика” баргузор шуда буд. Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни номбар кардани теъдоди муассисаҳои нави таълимӣ, ки аз аввали соли 2022 ба фаъолият оғоз кардаанд, соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ хонд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 5 мактаб барои 4330 нафар ба истифода дода шуд. Чаро ба омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон талабот зиёд аст: видеоҲамин тариқ шумораи ҷойҳои нави таълимӣ дар вилояти Хатлон то 1950, дар вилояти Суғд то 1540, дар Душанбе то 720, дар ВМКБ то 120 адад афзуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Танҳо дар 30 соли истиқлол дар Тоҷикистон 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд. Дар ҳамин ҳол шумори умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аллакай ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.
https://sputnik.tj/20220505/lavrov-tojikiston-maktab-nav-rusi-boz-1048205355.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042101638_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1d93114cce549fcc40b39c1e15a6d14c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
филологҳо, қафқоз, ҷт, забони русӣ
филологҳо, қафқоз, ҷт, забони русӣ
Паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон забони русӣ меомӯзанд
16:15 06.05.2022 (Навсозишуда: 17:57 06.05.2022) Тибқи барномаи нави таълимӣ аввалин донишҷӯёни курсҳои забономӯзӣ дар Тоҷикистон фарзандони гурезаҳои Афғонистон хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ дар Тоҷикистон забони русӣ дарс медиҳанд.
Аввалин шунавандагони курсҳои нав фарзандони гурезаҳои афғонистонӣ хоҳанд буд, хабар додааст хадамоти матбуотии донишгоҳ ба ТАСС.
"Нахустин донишҷӯёни курси омӯзиши забони русӣ ба унвони забони хориҷӣ фарзандони паноҳҷӯён аз Афғонистон хоҳанд буд. Маълум аст, ки ҳудуди 100 нафари аз 9 то 25-сола алакай хоҳиши омӯзиши забони русиро доранд", — омадааст дар гузориш.
Курсҳои забономӯзӣ ҳамчун лоиҳаи нави муштарак бо намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон таъсис мешаванд.
"Курсҳо дар шакли онлайнӣ ва ҳузурӣ дар маҳалли Маркази фарҳангӣ ва таълимии Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе баргузор мешаванд", - гуфтааст ректори донишгоҳ Дмитрий Беспалов.
Донишгоҳи федеролии Қафқози Шимолӣ бо донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тарҳҳои муштарак таҳия мекунад.
Қаблан дар чорчӯби ин ҳамкориҳо дар Тоҷикистон “Ҳафтаи математика” баргузор шуда буд.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни номбар кардани теъдоди муассисаҳои нави таълимӣ, ки аз аввали соли 2022 ба фаъолият оғоз кардаанд, соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ хонд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 5 мактаб барои 4330 нафар ба истифода дода шуд.
Ҳамин тариқ шумораи ҷойҳои нави таълимӣ дар вилояти Хатлон то 1950, дар вилояти Суғд то 1540, дар Душанбе то 720, дар ВМКБ то 120 адад афзуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Танҳо дар 30 соли истиқлол дар Тоҷикистон 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд.
Дар ҳамин ҳол шумори умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аллакай ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.