Тағйироти кадрӣ дар Кохи сафед: котиби нави Байден маълум шуд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкБелый Дом в Вашингтоне. Архивное фото
Белый Дом в Вашингтоне. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Дар Кохи сафед тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Ҷен Псаки, ки то ҳол котиби президенти Амрико буд, аз мақомаш барканор шуд ва ҷойи ӯро зани африқоие гирифт
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Котиби матбуотии нави Кохи сафед аз 13 май Карин Жан-Пер хоҳад буд, ки қаблан муовини Ҷен Псаки буд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Жан-Пер аввалин зани сиёҳпӯсти амрикоӣ ва намояндаи Ҷамъияти ҳамҷинсгароён дар таърих хоҳад буд, ки ин мақомро ишғол мекунад.
Дар маросими муаррифии Карин кишвардори Амрико Ҷо Байден низ иштирок кард.

"Ман бо ифтихор эълон мекунам, ки Карин Жан-Пер котиби матбуотии навбатии Кохи сафед хоҳад шуд", - гуфт президенти ИМА Ҷо Байден зимни муаррифии сухангӯи нав.

Псаки имкони истеъфои худро ҳанӯз моҳи майи соли гузашта эълон карда буд.
Дар бораи он ки Ҷен Псаки ният дорад, Кохи сафедро тарк кунад ва ба кор дар телевизион равад, қаблан портали "Axios" хабар дода буд.
Инаугурация 45-го президента США Дональда Трампа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обама омаду Байден дар Қасри сафед танҳо монд - видео
Ҳамзамон дар моҳи майи соли 2021 Псаки ҳушдор дода буд, ки вай метавонад пас аз як сол мақомашро тарк кунад, зеро вай бо ҳукумати Ҷо Байден маҳз чунин давраеро баррасӣ кардааст, ки соҳиби кунунии Кохи сафед ҳанӯз номзад ба мақоми президентӣ буд.
Вай барои изҳороти ҳангомадораш дар масъалаҳои Русия ва Украина маъруф шуд.
Лентаи хабарҳо
0