https://sputnik.tj/20220506/rusiya-nato-ukraina-jang-idoma-1048244839.html
ВУХ-и Русия: НАТО тамоми корро анҷом медиҳад, то дар Украина ҷанг идома ёбад
ВУХ-и Русия: НАТО тамоми корро анҷом медиҳад, то дар Украина ҷанг идома ёбад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Русия ахиран эълом доштааст, ки НАТО ҷонибдори оташбас дар Украина аст, аммо тамоми корро анҷом медиҳад то ҷанг дар ин кишвар идома ёбад
2022-05-06T15:20+0500
2022-05-06T15:20+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
нато
аслиҳа
оташбас
ҷонибдорӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176087_0:46:3072:1774_1920x0_80_0_0_bda0031a7de4830f96f58c5b684a6deb.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Алексей Зайтсев, муовини директори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия ахиран дар нишасте дар Маскав ба рӯзноманигорон гуфт, НАТО эълон медорад, ки ҷонибдори қатъи ҳарчи зудтари ҷанг дар Украина аст, аммо рафтораш аз он шаҳодат медиҳад, хостори идомаи ҷанг дар ин кишвар аст."Сиёсати дуҷонибаи кишварҳои НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо боиси эҷоди хашм мешавад. Дар забон ҷонибдорӣ аз он мекунад, ки ҷанг ҳарчи зудтар хотима ёбад, аммо дар амал он чиро иҷро мекуннад, ки хилофи гуфтаҳои худи онҳост", - гуфт ӯ.Оқои Зайтсев афзуд, арзаи силоҳ ба Украина афзоиш ёфтааст ва ҳазинаи он ба миллиардҳо доллар расидааст.Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
https://sputnik.tj/20220506/matvienko-rusiya-tajovuz-posukh-1048239643.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176087_240:0:2971:2048_1920x0_80_0_0_0932811d6db73df5cff816f19faa48a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, нато, украина, ҷанг, ҷонибдор, оташбас
русия, нато, украина, ҷанг, ҷонибдор, оташбас
ВУХ-и Русия: НАТО тамоми корро анҷом медиҳад, то дар Украина ҷанг идома ёбад
15:20 06.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Вазорати умури хориҷаи Русия ахиран эълом доштааст, НАТО ҷонибдори оташбас дар Украина аст, аммо тамоми корро анҷом медиҳад, то ҷанг дар ин кишвар идома ёбад
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Алексей Зайтсев, муовини директори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия ахиран дар нишасте дар Маскав ба рӯзноманигорон гуфт, НАТО эълон медорад, ки ҷонибдори қатъи ҳарчи зудтари ҷанг дар Украина аст, аммо рафтораш аз он шаҳодат медиҳад, хостори идомаи ҷанг дар ин кишвар аст.
"Сиёсати дуҷонибаи кишварҳои НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо боиси эҷоди хашм мешавад. Дар забон ҷонибдорӣ аз он мекунад, ки ҷанг ҳарчи зудтар хотима ёбад, аммо дар амал он чиро иҷро мекуннад, ки хилофи гуфтаҳои худи онҳост", - гуфт ӯ.
Оқои Зайтсев афзуд, арзаи силоҳ ба Украина афзоиш ёфтааст ва ҳазинаи он ба миллиардҳо доллар расидааст.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.