https://sputnik.tj/20220506/koronavirus-du-sol-million-odam-kusht-1048267017.html
СҶБ: Коронавирус дар ду сол 15 миллион одамро "кушт"
СҶБ: Коронавирус дар ду сол 15 миллион одамро "кушт"
Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, давоми ин муддат аз коронавирус бештар шаҳрвандони Аврупову Амрико ва сокинони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтиданд
2022-05-06T22:25+0500
2022-05-06T22:25+0500
2022-05-06T22:25+0500
дар ҷаҳон
сҷб
коронавирус
тандурустӣ
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103097/01/1030970101_470:0:3085:1471_1920x0_80_0_0_da1cd81202a9e7107ee44ad5a6c6b682.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Шумораи умумии қурбониёни бемории коронавирус дар ду соли охир ба 14,9 миллион нафар расидааст. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар охирин гузориши худ хабар дод.Намояндагони ин созмон омори маргу мири маризони коронавирусро дар солҳои 2020 ва 2021 ҳисоб кардаанд.Дар гузориш гуфта мешавад, ки бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтидаанд. Ҳудуди 84 % фавт аз вируси COVID-19 маҳв ба ҳамин кишварҳо рост меояд.Гузоришгарон ҳамчунин муайян намудаанд, ки аз бемории мазкур мардон нисбат ба занон бештар фавт карданд.Аз шумори умумии қурбониён 57 % -ро мардон ва 43% -ро занон ташкил медиҳанд.Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст бурузи ин вирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии уфунати мудҳиш шаҳри Вуҳани Чин гашт.Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Эҳтимол он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузаштааст.Вирус зуд аз шаҳр ба ин кишвар паҳн шуд. Дар натиҷа, 11 март СҶБ коронавирусро пандемия эълон кард.Дар Тоҷикистон давоми чанд моҳ мешавад. ки ягон ҳолати нави сироятшавӣ аз коронавирус сабт нашудааст. Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 388 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Бар асари ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17252 нафар аз сокинони кишвар шифо ёфтаанд.
https://sputnik.tj/20220505/rusiya-doru-ziddi-koronavirus-1048224232.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103097/01/1030970101_797:0:2758:1471_1920x0_80_0_0_eb7200d02a4417be2a398e9e7b6a6524.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҷб коронавирус ҷаҳон
СҶБ: Коронавирус дар ду сол 15 миллион одамро "кушт"
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, давоми ин муддат аз коронавирус бештар шаҳрвандони Аврупову Амрико ва сокинони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтиданд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Шумораи умумии қурбониёни бемории коронавирус дар ду соли охир ба 14,9 миллион нафар расидааст. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар охирин гузориши худ хабар дод.
Намояндагони ин созмон омори маргу мири маризони коронавирусро дар солҳои 2020 ва 2021 ҳисоб кардаанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтидаанд. Ҳудуди 84 % фавт аз вируси COVID-19 маҳв ба ҳамин кишварҳо рост меояд.
Гузоришгарон ҳамчунин муайян намудаанд, ки аз бемории мазкур мардон нисбат ба занон бештар фавт карданд.
Аз шумори умумии қурбониён 57 % -ро мардон ва 43% -ро занон ташкил медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст бурузи ин вирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии уфунати мудҳиш шаҳри Вуҳани Чин гашт.
Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Эҳтимол он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузаштааст.
Вирус зуд аз шаҳр ба ин кишвар паҳн шуд. Дар натиҷа, 11 март СҶБ коронавирусро пандемия эълон кард.
Дар Тоҷикистон давоми чанд моҳ мешавад. ки ягон ҳолати нави сироятшавӣ аз коронавирус сабт нашудааст. Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 388 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Бар асари ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17252 нафар аз сокинони кишвар шифо ёфтаанд.