https://sputnik.tj/20220506/gusel-donishju-bokhtar-artish-1048238644.html
Гусели 120 донишҷӯ аз Бохтар ба артиш
Гусели 120 донишҷӯ аз Бохтар ба артиш
Sputnik Тоҷикистон
Маъракаи ҷалби донишҷӯёни донишкадаю донишгоҳҳои Тоҷикистон ба артиш соли равон роҳандозӣ гардида, барои супоридани барвақтии имтиҳоноти иҷозат дода шудааст
2022-05-06T13:45+0500
2022-05-06T13:45+0500
2022-05-06T14:58+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
артиш
донишҷӯ
хизмат
ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040925795_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_d07a83f3f675df7ee44d3d1f5f31cc46.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. То ҳол беш аз 120 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба артиш сафарбар гардиданд, иттилоъ дод "Ховар" аз қавли дастгоҳи раиси вилояти Хатлон."Аз ҷумла 35 нафар хатмкунандаи факултаи сиёсат ва идораи давлатии ин донишгоҳ ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ сафарбар гардида, хатмкунандагони 12 факултаи дигар омодагияшонро баён доштаанд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки сафи хоҳишмандони хидмат дар артиш майли афзоиш дорад ва рӯзҳои наздик сафарбарсозии гурӯҳи дигари донишҷӯён дар назар аст. Ин дар ҳолест, ки аз донишгоҳу донишкадаҳо дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд низ гусели донишҷӯён ба хидмат идома дорад. Аз ҷумла ахиран 111 донишҷӯи умдатан хатмкардаҳои факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар шудаанд.Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо ироаи мактуб унвонии ректорони муассисаҳои олии ҷумҳурӣ иҷозат дод, донишҷӯёне, ки хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супоранд.Фаридун Маҳмадализода, котиби матбуотии Вазорати мудофиа гуфт, бо гузашти беш аз 1 моҳ аз оғози даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон 25 шаҳру ноҳия аз иҷрои нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ гузориш додаанд. То ҳол нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба артиш дар Тоҷикистон наздик ба 70% иҷро шудааст, афзуд манбаъ.Мақомот мегӯянд, теъдоди ҷавонписароне, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд ва нафарони дорои маълумоти олӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар будааст.Даъвати ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва тақрибан дар ҳар ду давр хабарҳо дар расонаҳою шабакаҳои иҷтимоӣ аз "облава" ё "сарбозшикор" сол нашр мешаванд.
https://sputnik.tj/20220504/safarbarsoz-guruh-donishjuyon-artish-oblava-1048183474.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040925795_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_9a0ab5d1d3a220c77f02be293c26a379.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафарбарсозӣ, донишҷӯён, артиш, бохтар
сафарбарсозӣ, донишҷӯён, артиш, бохтар
Гусели 120 донишҷӯ аз Бохтар ба артиш
13:45 06.05.2022 (Навсозишуда: 14:58 06.05.2022) Маъракаи ҷалби донишҷӯёни донишкадаю донишгоҳҳои Тоҷикистон ба артиш соли равон роҳандозӣ гардида, барои супоридани барвақтии имтиҳоноти иҷозат дода шудааст
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. То ҳол беш аз 120 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба артиш сафарбар гардиданд, иттилоъ дод "Ховар" аз қавли дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
"Аз ҷумла 35 нафар хатмкунандаи факултаи сиёсат ва идораи давлатии ин донишгоҳ ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ сафарбар гардида, хатмкунандагони 12 факултаи дигар омодагияшонро баён доштаанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки сафи хоҳишмандони хидмат дар артиш майли афзоиш дорад ва рӯзҳои наздик сафарбарсозии гурӯҳи дигари донишҷӯён дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки аз донишгоҳу донишкадаҳо дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд низ гусели донишҷӯён ба хидмат идома дорад. Аз ҷумла ахиран 111 донишҷӯи умдатан хатмкардаҳои факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар шудаанд.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо ироаи мактуб унвонии ректорони муассисаҳои олии ҷумҳурӣ иҷозат дод, донишҷӯёне, ки хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супоранд.
Фаридун Маҳмадализода, котиби матбуотии Вазорати мудофиа гуфт, бо гузашти беш аз 1 моҳ аз оғози даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон 25 шаҳру ноҳия аз иҷрои нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ гузориш додаанд. То ҳол нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба артиш дар Тоҷикистон наздик ба 70% иҷро шудааст, афзуд манбаъ.
Мақомот мегӯянд, теъдоди ҷавонписароне, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд ва нафарони дорои маълумоти олӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар будааст.
Даъвати ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва тақрибан дар ҳар ду давр хабарҳо дар расонаҳою шабакаҳои иҷтимоӣ аз "облава" ё "сарбозшикор" сол нашр мешаванд.