Эрон аз тақвияти равобити тиҷорию иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкФлаги Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаги Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Муовини бахши дипломатияи иқтисодии вазири умури хориҷии Эрон бар тақвияти равобити тиҷорию иқтисодии ин ҷумҳурӣ бо кишварҳои Осиёи Маказӣ таъкид кард
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Маҳдии Сафарӣ, муовини дипломосии иқтисодии Вазорати умури хориҷии Эрон дар бораи нақш ва ҷойгоҳи дувумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон ва Қирғизистон таъкид карда гуфт, ин намоишгоҳ фурсати бисёр хуб барои ширкатҳои тавонманди эронӣ аст.
Вай тақвияти равобит бо кишварҳои Осиёи Марказиро муҳим донист.
Сафарӣ тақвияти равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии бо кишварҳои Осиёи Маказӣ, аз ҷумла Қирғизистонро яке аз авлавиятҳои дипломосии иқтисодии Вазорати умури хориҷӣ донист.
Вазорати умури хориҷӣ ва сафорати Эрон дар Бишкек дар ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ бо масъулони баргузории намоишгоҳ барои осон намудани мушорикати ширкатҳо талош мекунанд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Сипоси Карзай аз Эрон барои кумак ба мардуми Афғонистон
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш вазири иқтисоди Эрон бар фароҳам овардани муқаддамоти афзоиши сатҳи равобити иқтисодии Эрону Тоҷикистон ба 500 миллион евро таъкид кард.
Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд.
Сафорати Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0