Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Шарифиён, сардори нави Сарраёсати кишоварзӣ кист?

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Вазифаи сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд, ки як моҳ ба ин тараф холӣ буд, соҳиб пайдо кард. Муаррифии сардори нави идораи кишоварзӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Дар ин бора аз шуъбаи кадрҳои Сарраёсати кишоварзии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба хабари манбаъ, дирӯз дар як ҷаласа Шарифиён Маруфҷон Маҳмудзода минҳайси сардори навтаъйини Сарраёсати кишоварзии Суғд муаррифӣ гардидааст.

“Маросими шиносоии сардори нав дирӯз бо иштироки Мирзо Мирзозода, муовини вазири кишоварзӣ ва Зариф Мирдадо, муовини раиси вилояти Суғд дар умури кишоварзӣ баргузор шуд” – гуфт, манбаъ.

Таъйини сардори Сарраёсати кишоварзӣ бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва дар мувофиқа бо вазири кишоварзӣ сурат гирифтааст.
Трактор Беларус, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Омодагии Эрон дар табдили заминҳои хашхош ба киштзори маҳсулоти кишоварзӣ дар Афғонистон

Сардори нави Сарраёсати кишоварзии Суғд кист?

Шарифиён Маруфҷон Маҳмудзода 7 майи соли 1965 дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1990 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси зоотехник хатм кардааст. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1990 ба ҳайси лабаранти Корхонаи паррандапарварии Ленинободи собиқ шуруъ намудааст.
Шарифиён то соли 1999 дар вазифаҳои зоотехник ва бригадир дар корхонаи мазкур инчунин дар Корхонаи паррандапарварии Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст.
Вай солҳои 2002-2007 инспектори варзидаи Испексияи зотпарварии Суғд буд ва давоми 11 соли охир мудирияти шуъбаи чорводории Сарраёсати кишоварзии ин вилоятро ба зимма дошт.
Аз 3 майи соли 2022 бо қарори раиси вилояти Суғд сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд таъйин шудааст.
Баъди муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъйин шудани Олимбек Юлдошзода ин вазифа як моҳ ба ин тараф холӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0