https://sputnik.tj/20220505/selobho-dar-afghoniston-40-kushta-va-zakhmi-barjo-guzosht--1048215347.html
Селобҳо дар Афғонистон 40 кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштанд
Селобҳо дар Афғонистон 40 кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштанд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулон мегӯянд, ки бар асари сарозер шудани селобҳо дар 12 вилояти Афғонистон дасти кам 22 тан ҷон бохта 18 тан захмӣ ва ҳафт тани дигар ҳам нопадид шудаанд
2022-05-05T17:05+0500
2022-05-05T17:05+0500
2022-05-05T18:25+0500
афғонистон
селоб
талафот
захмӣ
осеб
сел
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039789986_0:0:800:450_1920x0_80_0_0_4a27710c0bddccc5d30ec4904c06a536.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи омори расмӣ, талафоти ношӣ аз селобҳо бештар дар вилоятҳои Форёб, Бағлон ва Бодғис дар шимоли ин кишвар сабт шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ariana News”.Дар асоси маълумоти омори Вазорати давлатии идоракунии офатҳои табиӣ, дар 12 вилоят 19 хона пурра хароб ва 261 хона қисман тахриб шудааст.Инчунин 500 гектар замин ва чор роҳ осеб дида, 120 сар чорво нобуд шудааст.Мақомоти маҳаллии Фарёб мегӯянд, ки селобҳо дар ин вилоят хисороти бузурги молиро ба бор овардаанд. Аммо ӯ омори дақиқро нагуфтааст.Ғулом Ғувс Носирӣ, муовини молӣ ва идории Вазорати давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводис гуфт: "Тадқиқот идома дорад. Мо ба осебдидагон кумак кардем. Гурӯҳи мо дар маҳал талош дорад, ба мардум кумак расонад".Агентии обуҳавошиносии ин кишвар тахмин мезанад, ки дар 27 вилоят хатари сарозер шудани селобҳои мавсимӣ вуҷуд дорад, ки мизони боронгарӣ дар бархе аз вилоятҳо аз 20 то 60 сантиметр хоҳад буд.Муҳаммад Насим Муродӣ, масъули пешгӯии идораи ҳавошиносии Афғонистон гуфт: "Эҳтимоли боридани борон дар бисту ҳафт вилояти кишвар бо селоб пешбинӣ шуда буд, ки тавассути торнамои мо бо хатарҳои эҳтимолии худ нашр шуд ва ин боронгариҳо то рӯзи панҷшанбе идома хоҳанд ёфт”.Аз боронгариҳои шадид ва сарозер шудани селобҳои ношӣ аз онҳо дар ҳоле гузориш дода мешавад, ки бахши бузурге аз манотиқи Афғонистон бо таҳдиди ҷиддии хушксолӣ низ мувоҷеҳ аст.
https://sputnik.tj/20220505/oqibathoi-kharobiovari-sel-dar-tojikiston--1048204173.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039789986_100:0:700:450_1920x0_80_0_0_79a4ec033f4f224e53d64ff06c9a109e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, селобҳо, ҷон бохтан, захмӣ, талафот, осиёи марказӣ
афғонистон, селобҳо, ҷон бохтан, захмӣ, талафот, осиёи марказӣ
Селобҳо дар Афғонистон 40 кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштанд
17:05 05.05.2022 (Навсозишуда: 18:25 05.05.2022) Масъулон мегӯянд, ки бар асари сарозер шудани селобҳо дар 12 вилояти Афғонистон дастикам 22 тан ҷон бохта, 18 тан захмӣ ва ҳафт тани дигар ҳам нопадид шудаанд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи омори расмӣ, талафоти ношӣ аз селобҳо бештар дар вилоятҳои Форёб, Бағлон ва Бодғис дар шимоли ин кишвар сабт шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ariana News”.
Дар асоси маълумоти омори Вазорати давлатии идоракунии офатҳои табиӣ, дар 12 вилоят 19 хона пурра хароб ва 261 хона қисман тахриб шудааст.
Инчунин 500 гектар замин ва чор роҳ осеб дида, 120 сар чорво нобуд шудааст.
Мақомоти маҳаллии Фарёб мегӯянд, ки селобҳо дар ин вилоят хисороти бузурги молиро ба бор овардаанд. Аммо ӯ омори дақиқро нагуфтааст.
Ғулом Ғувс Носирӣ, муовини молӣ ва идории Вазорати давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводис гуфт: "Тадқиқот идома дорад. Мо ба осебдидагон кумак кардем. Гурӯҳи мо дар маҳал талош дорад, ба мардум кумак расонад".
Агентии обуҳавошиносии ин кишвар тахмин мезанад, ки дар 27 вилоят хатари сарозер шудани селобҳои мавсимӣ вуҷуд дорад, ки мизони боронгарӣ дар бархе аз вилоятҳо аз 20 то 60 сантиметр хоҳад буд.
Муҳаммад Насим Муродӣ, масъули пешгӯии идораи ҳавошиносии Афғонистон гуфт: "Эҳтимоли боридани борон дар бисту ҳафт вилояти кишвар бо селоб пешбинӣ шуда буд, ки тавассути торнамои мо бо хатарҳои эҳтимолии худ нашр шуд ва ин боронгариҳо то рӯзи панҷшанбе идома хоҳанд ёфт”.
Аз боронгариҳои шадид ва сарозер шудани селобҳои ношӣ аз онҳо дар ҳоле гузориш дода мешавад, ки бахши бузурге аз манотиқи Афғонистон бо таҳдиди ҷиддии хушксолӣ низ мувоҷеҳ аст.