https://sputnik.tj/20220505/rahmon-kuhansarbozon-tursunzoda-pul-1048205657.html
Эмомалӣ Раҳмон ба куҳнасарбозони шаҳри Турсунзода кумаки пулӣ фиристод
Эмомалӣ Раҳмон ба куҳнасарбозони шаҳри Турсунзода кумаки пулӣ фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Кумакпулии президенти Тоҷикистонро ба куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Турсунзода намояндаи ҳукумат ва раиисиин шаҳр раоснидаанд
2022-05-05T14:20+0500
2022-05-05T14:20+0500
2022-05-05T16:34+0500
ҷбв
куҳансарбоз
дар тоҷикистон
турсунзода
қадрдонӣ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 77-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ ба куҳнасарбозон кумаки пулӣ ҷудо кард. Намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода ва раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба аёдати иштирокчиёни ҷанг рафта, кумакпулиро ба онҳо супориданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Абдуфаттоҳзода изҳор доштааст, ки шуҷоату диловарии ҳар як иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои насли ҷавон ба ҳисоб меравад.Дар баробари ин, тибқи гузориши котиби матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов, ба муносибати 77-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ дар назди "Лавҳаи хотира"-и шаҳидон ва иштирокчиёни ҶБВ дар деҳаи Қаратоғ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.Дар ин чорабинӣ хонандагони мактаби №12-и шаҳр дар бораи ҷонфидоиҳои фарзандони шуҷои миллат маъруза ва шеърҳои ватанпарастона қироат намуданд.Ёдовар мешавем, ки дар солҳои ҶБВ беш аз 5 ҳазор аз ҷавонмардони шаҳри Турсунзода ба ҷанг сафарбар гардида, зиёда аз 2200 нафари онҳо шаҳид шуд.Дар баробари дигар диловарони Ватан аз деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода 572 нафар ба ҷабҳа бар зидди фашизм рафта, 234 нафари онҳо ҷавонмардона муҳориба карданд ва шаҳид шуданд.Хотирае аз ҶБВ дар ТоҷикистонСоли равон 77-солагии Рӯзи пирӯзиро дар шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 2 нафар собиқадори ҷанг ва 4 нафар аз заҳматкашони ақибгоҳ ҷашн мегиранд.
https://sputnik.tj/20220505/hangi-jovidon-dar-dushanbe-boshukuh-tajlil-meshavad-1048204706.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумакпулӣ, президент, тоҷикистон, куҳансарбозон, ҷбв
кумакпулӣ, президент, тоҷикистон, куҳансарбозон, ҷбв
Эмомалӣ Раҳмон ба куҳнасарбозони шаҳри Турсунзода кумаки пулӣ фиристод
14:20 05.05.2022 (Навсозишуда: 16:34 05.05.2022) Кумакпулии президенти Тоҷикистонро ба куҳнасарбозони Ҷанги бузурги ватанӣ дар шаҳри Турсунзода, намояндаи ҳукумат ва раиси ин шаҳр расониданд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 77-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ ба куҳнасарбозон кумаки пулӣ ҷудо кард.
Намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода ва раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба аёдати иштирокчиёни ҷанг рафта, кумакпулиро ба онҳо супориданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
"Куҳнасарбозон бо понздаҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд", - омадааст дар хабар.
Абдуфаттоҳзода изҳор доштааст, ки шуҷоату диловарии ҳар як иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои насли ҷавон ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, тибқи гузориши котиби матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов, ба муносибати 77-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ дар назди "Лавҳаи хотира"-и шаҳидон ва иштирокчиёни ҶБВ дар деҳаи Қаратоғ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ хонандагони мактаби №12-и шаҳр дар бораи ҷонфидоиҳои фарзандони шуҷои миллат маъруза ва шеърҳои ватанпарастона қироат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои ҶБВ беш аз 5 ҳазор аз ҷавонмардони шаҳри Турсунзода ба ҷанг сафарбар гардида, зиёда аз 2200 нафари онҳо шаҳид шуд.
Дар баробари дигар диловарони Ватан аз деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода 572 нафар ба ҷабҳа бар зидди фашизм рафта, 234 нафари онҳо ҷавонмардона муҳориба карданд ва шаҳид шуданд.
Соли равон 77-солагии Рӯзи пирӯзиро дар шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 2 нафар собиқадори ҷанг ва 4 нафар аз заҳматкашони ақибгоҳ ҷашн мегиранд.