"Ҳанги ҷовидон" дар Душанбе бошукӯҳ баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевАкция "Бессмертный полк" в Душанбе
Акция Бессмертный полк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Интизор меравад, ки дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" баргузор гардад. Ба далели авҷи бемории коронавирус дар ду соли гузашта ин роҳпаймоӣ сурат нагирифта буд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ "Ҳанги ҷовидон" ва гузашти низомӣ доир мегардад.
Дар ин бора Уктам Акрамов, муовини раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти кишвар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, масъулони ин шӯро аллакай унвонии шаҳрдори Душанбе ва сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиатнома ирсол кардаанд.
"Аз ҳукумати пойтахт барои гузаронидани чорабинӣ иҷозаи шифоҳӣ дарёфт намудем. Барои дарёфти посухи расмӣ низ нома ирсол кардем", - афзуд Уктам Акрамов.
Ҳамин тариқ роҳпаймоии мазкур рӯзи 9 май, дар Рӯзи ғалаба баргузор хоҳад шуд.

"Субҳи рӯзи 9 май дар майдони "Ғалаба", назди танк маросими баҳамоӣ ва гулгузорӣ сурат гирифта, пас аз он роҳпаймоӣ оғоз мешавад, ки то боғи "Ғалаба" идома мекунад", - гуфт муовини раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалист.

Номбурда гуфт, субҳ дар боғи "Ғалаба" нахуст гузашти низомӣ доир мешавад ва баъд аз он маросими "Ҳанги ҷовидон" доир хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, омодагиҳо барои баргузории "Ҳанги ҷовидон" хуб ҷараён дошта, лавҳаҳо омода шудаанд ва ҳоло бошад, барои гиромидошти хотираи сарбозон суҳбату конфронсҳо дар муассисаҳо идома дорад.
Гуфта мешавад, ширкат дар чорабинӣ озод буда, дар назар аст, ки дар он сафирони дигар кишварҳо, аз ҷумла суфарои Русия ва Баларус ҳузур пайдо кунанд.
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар собиқадорони ҶБВ аст
Уктам Акрамов гуфт, барнома дар боғи "Ғалаба" аз гулгузорӣ дар назди "Оташи ҷовидон" ва ҳайкали ҷанговарони кушташуда оғоз шуда, бо суханронии масъулини чорабинӣ ва ҳозирин поён меёбад.
Маъмулан ба "Ҳанги ҷовидон" на танҳо ҷавонон, балки пиронсолону кӯдакон низ ҳамроҳ мешаванд.
Парад Победы 9 мая в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Кумаки пулии Рустами Эмомалӣ ба иштирокдорону маъюбони ҶБВ
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 59 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст, ки соли ҷорӣ аз 77-солагии ғалаба бар фашизм таҷлил мекунанд.
Тибқи додаҳои бойгонии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0