Қуллаҳои Помир ба номи Миршакар ва Қаноат номгузорӣ шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевПик Исмоила Сомони (Коммунизма)
Пик Исмоила Сомони (Коммунизма) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Ба раиси ВМКБ пешниҳод шуд, ки ду қуллаи қаторкӯҳҳои Помир ба номи шоирони шаҳири ин диёр номгузорӣ шаванд. Ин пешниҳод ҷонибдорӣ шуд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду қуллаи қаторкӯҳҳои Помир ба номи Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат, шоирони шаҳири тоҷик номгузорӣ шуданд.
Номгузорӣ шудани қуллаҳои Помир пас аз анҷоми конфронси илмиву адабӣ ба ифтихори 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар сурат гирифт, хабар додааст сомонаи "Ҷумҳурият".
Ин чорабинӣ чанде пеш дар ВМКБ бо ҳузури раиси вилоят Алишер Мирзонабот, директори Институти илмҳои гуманитарӣ Ҳокими Қаландариён ва аҳли зиёи вилоят баргузор гардида буд.
Дар конфронс аз саҳми назарраси устод Мирсаид Миршакар дар муаррифӣ кардани адабиёти тоҷик гуфта шуд.
Зимнан ба раиси вилоят Алишер Мирзонаботпешниҳод шуд, ки ду қуллаи қаторкӯҳҳои Помир ба номи шоирони шаҳири ин диёр Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номугузорӣ шаванд. Ин пешниҳод аз ҷониби раиси вилоят дастгирӣ ёфт.
Ҷаласаи ҳукумат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Қарори ҳукумат: Мискинобод шаҳрак шуду номи нав гирифт
Илова бар ин бо дастгирии роҳбарияти ВМКБ куллиёти осори устодони сухан интишор мешавад.
Қаблан бо қарори ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помир, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дода шуд.
Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ”-ро гирифт.
Қуллаи мазкур дар 13-километри шимоли қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.
Бо қарори дигари ҳукумат қуллаи 6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак” унвон гирифт.
Лентаи хабарҳо
0