Дахлнопазирии Назарбоевро ҳазф карданд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкНурсултан Назарбаев
Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Сенаторҳои Қазоқистон зимни як ҷаласа дар бораи тарҳи референдум ибораи "раисҷумҳури аввал"-ро аз Қонун "Дар бораи раъйпурсӣ" хориҷ карданд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Вакилони мардумии Қазоқистон дар ҷаласаи умумии парлумон тарҳи ислоҳи Қонун “Дар бораи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ”-ро, ки аз он ибораи "раисҷумҳури аввал" ҳазф шудааст, ба Маҷлис (палатаи поёнӣ) баргардонданд.
Дар ин бора сафҳаи расмии парлумони Қазоқистон иттилоъ медиҳад.

"Тибқи таҳрири қаблии ин санад, масоили марбут ба мақоми раисҷумҳури аввал наметавонист мавзуи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ бошад. Пешниҳоди сенаторҳо ин аст, ки ин муқаррарот аз тарҳи қонун хориҷ карда шаванд", - гуфт сенатор Лаззат Сулаймон зимни шарҳи ин тағйирот дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи вай, тибқи ислоҳи Сенат, ҳоло ин меъёр пешбинӣ мекунад, ки масъалаҳои "тағйир додани истиқлоли давлат, ягонагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, шакли идоракунии он, принсипҳои асосии фаъолияти ҷумҳурӣ" объекти референдум шуда наметавонанд.
Нурсултан Назарбаев на праздничном концерте в Астане в честь его победы на президентских выборах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Назарбоев ва хонаводаи ӯ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдоранд?
Ҳамакнун бар асоси ин тарҳи ҷадид дахлнопазии президенти аввали ин кишвар, яъне Нурсултон Назарбоев аз ӯ гирифта мешавад.
Дар қонуни то кунун амалкунандаи ин кишвар гуфта мешавад, ки Елбасӣ дахлнопазирӣ дорад ва наметавонад барои аъмоле, ки дар замони президенти Қазоқистон буданаш содир кардааст, ҷавобгар бошад.
Пас аз истеъфо вай инчунин наметавонад барои амалҳои марбут ба иҷрои мақоми раисҷумҳури аввал ҷавобгар бошад. Ӯро дастгир кардан, ҳабс кардан, кофтуков, бозпурсӣ кардан ва дар ҳабс нигоҳ доштан мумкин нест.
Қаблан расонаҳои Қазоқистон навишта буданд, ки ба нахустин президенти ин кишвар расман мақоми "асосгузори Қазоқистони мустақил" дода мешавад. Ин тасмимро гурӯҳи корӣ, ки ҳоло бо супориши раисҷумҳури Қазоқистон ба ислоҳоти Сарқонун машғуланд, қабул кардааст.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Тоқаев пешниҳоди баргузории ҳамапурсӣ дар мавриди ислоҳоти Қонуни Асосиро кард
Тоқаев мақомашро ба Ерлан Кошанов дод
Нурсултон Назарбоев тақрибан 30 сол Қазоқистон раҳбариро кард. Ӯ 20 марти соли 2019 аз мақоми раҳбари ин давлат истеъфо дод. Баъдан ӯ мақоми раисии Шӯрои амният, раҳбари Ҳизби "Нур Отан" ва раиси Ассамблеяи мардуми Қазоқистонро ҳифз кард.
Дар соли 2021 Назарбоев эълом кард, ки аз курсии раиси АМҚ канор рафта, салоҳиятҳояш дар онро ба раҳбари кунунии Қазоқистон вогузор кард.
Назарбоев 5 январи соли 2022 ваколатҳои раиси Шӯрои амниятро ба Тоқаев вогузор кард.
Лентаи хабарҳо
0