https://sputnik.tj/20220429/toqaev-hamapursi-isloh-qonun-1048065991.html
Тоқаев пешниҳоди баргузории ҳамапурсӣ дар мавриди ислоҳоти Қонуни Асосиро кард
Тоқаев пешниҳоди баргузории ҳамапурсӣ дар мавриди ислоҳоти Қонуни Асосиро кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари Қазоқистон пешниҳод кард, ки раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сарқонун оид ба навсозӣ ва демократикунонии низоми сиёсӣ баргузор шавад
2022-04-29T12:58+0500
2022-04-29T12:58+0500
2022-04-29T14:40+0500
қосим -жомарт тоқаев
қазоқистон
ҳамапурсӣ
қонуни асосӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042295607_0:0:3011:1694_1920x0_80_0_0_767a273fb3dfaf87d11151dc672d5934.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод кард, ки раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишвар баргузор шавад. Тоқаев чунин пешниҳодро дар иҷлосияи XXXI Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон изҳор дошт. Маврид ба зикр аст, ки бори охир ҳамапурсӣ дар ин кишвар дар соли 1995 баргузор шуда буд.Ба гуфтаи раисҷумҳур, раъйпурсӣ муҳимтарин хусусияти демократия аст, аммо Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ" дар Қазоқистон "ҳеҷ гоҳ дар амал татбиқ нашудааст", дар ҳоле ки 4 бор ба Сарқонун ислоҳот ворид шудааст. Тоқаев гуфт, тағйир додани Қонуни Асосии давлат тавассути овоздиҳии умумихалқӣ "намоиши рӯшани иродаи мардум хоҳад буд". Маълум аст, ки тағйирот ба 33 моддаи Қонуни Асосии ин мамлакат дахл карда, системаи сиёсиро бакуллӣ тағйир медиҳад. Аз ҷумла дар бораи замин, ҳуқуқи инсон ва як қатор дигар соҳаҳо ислоҳот ворид карда мешавад.Ба гуфтаи президент, на дастгоҳи давлатӣ, на тасмимҳои сиёсӣ ва фишангҳои иқтисодӣ наметавонанд Қазоқистонро ба ҳадафи навсозии кишвар бидуни ҷалби ҳама шаҳрвандон ба кори умумӣ раҳандозӣ кунанд. Тоқаев афзуд, ки бунёди як кишвари нав тағйири куллии низоми арзишҳои фардӣ ва иҷтимоиро тақозо мекунад. Дар миёни аҳдофи аслӣ садди роҳи хешутаборӣ, фасод ва муомилагароиҳо шудан аст.Ӯ дар хотимаи нутқаш хулоса кард, ки қонун, адолат ва тартибот омили ҳақиқии зиндагии обод хоҳанд буд.
https://sputnik.tj/20220426/shahrvandon-adolat-toqaev-qazoqiston-1047973108.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042295607_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0952bf21f1eea20e2e067c620b44a590.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоқаев ҳамапурсӣ ислоҳот қонун қазоқистон
тоқаев ҳамапурсӣ ислоҳот қонун қазоқистон
Тоқаев пешниҳоди баргузории ҳамапурсӣ дар мавриди ислоҳоти Қонуни Асосиро кард
12:58 29.04.2022 (Навсозишуда: 14:40 29.04.2022) Сарвари Қазоқистон пешниҳод кард, ки раъйпурсии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун, ки навсозӣ ва демократикунонии низоми сиёсиро шомил мешавад, баргузор гардад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод кард, ки раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишвар баргузор шавад.
Тоқаев чунин пешниҳодро дар иҷлосияи XXXI Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон изҳор дошт. Маврид ба зикр аст, ки бори охир ҳамапурсӣ дар ин кишвар дар соли 1995 баргузор шуда буд.
"Раъйпурсӣ ба ҳар як шаҳрванд имкон медиҳад, ки дар ҳаллу фасли сарнавишти кишвар бевосита ширкат варзад ва роҳи моро дар самти демократикунонии ҳамаҷониба ва бунёди Қазоқистони нав таҳким бахшад", - гуфт сарвари ин давлат.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, раъйпурсӣ муҳимтарин хусусияти демократия аст, аммо Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ" дар Қазоқистон "ҳеҷ гоҳ дар амал татбиқ нашудааст", дар ҳоле ки 4 бор ба Сарқонун ислоҳот ворид шудааст.
Тоқаев гуфт, тағйир додани Қонуни Асосии давлат тавассути овоздиҳии умумихалқӣ "намоиши рӯшани иродаи мардум хоҳад буд".
Маълум аст, ки тағйирот ба 33 моддаи Қонуни Асосии ин мамлакат дахл карда, системаи сиёсиро бакуллӣ тағйир медиҳад. Аз ҷумла дар бораи замин, ҳуқуқи инсон ва як қатор дигар соҳаҳо ислоҳот ворид карда мешавад.
Ба гуфтаи президент, на дастгоҳи давлатӣ, на тасмимҳои сиёсӣ ва фишангҳои иқтисодӣ наметавонанд Қазоқистонро ба ҳадафи навсозии кишвар бидуни ҷалби ҳама шаҳрвандон ба кори умумӣ раҳандозӣ кунанд.
Тоқаев афзуд, ки бунёди як кишвари нав тағйири куллии низоми арзишҳои фардӣ ва иҷтимоиро тақозо мекунад. Дар миёни аҳдофи аслӣ садди роҳи хешутаборӣ, фасод ва муомилагароиҳо шудан аст.
"Қазоқистони нав бояд қаламрави адолат гардад. Барои ин на танҳо ҳарф, балки рӯҳи қонунро низ риоя кардан лозим аст", - қайд кард раҳбари Қазоқистон.
Ӯ дар хотимаи нутқаш хулоса кард, ки қонун, адолат ва тартибот омили ҳақиқии зиндагии обод хоҳанд буд.