Путин куҳнасарбозони тоҷикро табрик кард

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Сафири Русия дар Тоҷикистон шахсан пайёми табрики раисҷумҳури Русияро ба куҳнасарбозони тоҷики муқими шаҳри Душанбе расонд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ахиран Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон шахсан пайми табрики Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишварро ба куҳнасарбозони Ҷанги Бузурги Ватании муқими шари Душанбе расонд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
"Табрикоти шахсии раисҷумҳури Русия бори дигар аз нақши бебаҳои шумо дар ғалаба бар душман шаҳодат медиад ва қаҳрамониву хидматҳои шуморо назди Ватан инъикос мекунад", - гуфт дипломати рус дар маросими ироиаи пайёми раисҷумҳур.
Ба гуфтаи вай, ҳар дидор бо куҳнасарбозон фурсат барои сипосгузорӣ ва эҳтиром аз онҳост, ки мо имрӯз зиндагии осоишта дорем.
“Хотираи қаҳрамонӣ, шуҷоати нишондодаи шумо дар солҳои ҷанг мукаддас аст!”, - гуфт ӯ.
Табрикот ва тӯҳфаҳои раисҷумҳури Русия ба чаҳор куҳнасарбозе, ки се нафарашон занон мебошанд, супурда шуд.
Сафири Русия аз роҳбарияти Тоҷикистон ва тамоми сокинони кишвар изҳори сипос карда гуфт: “Шумо ин санаи хотирмонро гиромӣ дошта, хотираи таърихи муштараки моро ҳифз кардаед".
Акция Бессмертный полк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
"Ҳанги ҷовидон" дар Душанбе бошукӯҳ баргузор мешавад
У кайд кард, ки тоҷикон дар солҳои Чанги Бузурги Ватанӣ кахрамонӣ нишон доданд. Тоҷикон қаҳрамониашонро ҳам дар майдони ҷанг ва дар ақибгоҳ меҳнат карданд ва паноҳҷӯёнро аз тамоми гушаю канорҳои Иттиҳоди Шӯравиро қабул карданд.
Игор Лякин-Фролов намояндагони ширкати “Шимко-групп”-и Русияро, ки махсус аз Тошканд барои табрики куҳнасарбозони тоҷик ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ омадаанд, изҳори сипос кард.
Дар Тоҷикистон то рӯзи 20 апрел, тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, 59 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Куҳансолтарин сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов, ки дар шаҳри Ҳисор ба сар мебарад, 9 май 110-сола мешавад.
Лентаи хабарҳо
0