https://sputnik.tj/20220505/peskov-gharb-ukraina-doda-iktishofi-1048223941.html
Песков: Ғарб Украинаро бо додаҳои иктишофӣ таъмин мекунад
Песков: Ғарб Украинаро бо додаҳои иктишофӣ таъмин мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Қувваҳои мусаллаҳи Русия огоҳанд, ки ИМА, Бритониёи Кабир ва дигар кишварҳои НАТО маълумоти махфии иктишофиро ба Украина ироа мекунанд
2022-05-05T21:30+0500
2022-05-05T21:30+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
нерӯ
дмитрий песков
ғарб
иктишофӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048214503_0:180:3005:1870_1920x0_80_0_0_af331e2ffc81480bf23f00afbe87cc94.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Таъминоти Украина бо маълумоти иктишофӣ аз сӯйи ИМА, Бритониёи Кабир ва дигар кишварҳои НАТО амалиёти низомиро тӯл медиҳад, аммо барои расидан ба аҳдофи гузошташуда монеъ шуда наметавонад. Ин нуктаро Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошт. Вай афзуд, ин раванд метавонад амалиёти низомии Русия дар Украинаро тӯл диҳад, аммо барои расидан ба аҳдофи гузошташуда монеа шудан наметавонанд. "Албатта маълум аст, ки дар ин ҳолат нерӯҳои мусаллаҳи Русия тамоми кореро, ки зарур аст, анҷом медиҳанд", - афзуд манбаъ. Вай қаблан даъват намуда буд, ки ба гузоришҳои нашрияҳои ғарбӣ дар бораи эҳтимоли эълони сафарбаркунии умумӣ дар Русия бахшида 9 май гӯш надиҳанд, чун бепояанд. Намояндаи Кремл дар мавриди гуфтушуниди Маскав ва Киев изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир ба далели мавқеъгириҳои номунтазами Украина бовар надоранд, ки ин раванд бо муваффақият анҷомад.Дар мавриди вазъияти "Азовстал" хабар дода шуд, ки феълан тағйироти назаррасе нест, баъзан талоши муҳосирашудаҳо барои оташкушоӣ дида мешавад, аммо ҳамлае ҳанӯз дар нақша нест. Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаи низомии Украинаро ба манзури безараргардонӣ ва нозизудоӣ оғоз кард.Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, артиши Русия танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезанад ва рӯзи 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом доданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.Ҳадафи асосӣ дар Вазорати дифоъ озодкунии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220505/britoniyo-shart-vaznin-putin-1048212137.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048214503_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a0ae433d1763f4a6d64f1480413a9600.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кремл, оқибат, таъмин, украина, дода, ғарбӣ
кремл, оқибат, таъмин, украина, дода, ғарбӣ
Песков: Ғарб Украинаро бо додаҳои иктишофӣ таъмин мекунад
21:30 05.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Қувваҳои мусаллаҳи Русия огоҳанд, ки ИМА, Бритониёи Кабир ва дигар кишварҳои НАТО маълумоти махфии иктишофиро ба Украина ироа мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Таъминоти Украина бо маълумоти иктишофӣ аз сӯйи ИМА, Бритониёи Кабир ва дигар кишварҳои НАТО амалиёти низомиро тӯл медиҳад, аммо барои расидан ба аҳдофи гузошташуда монеъ шуда наметавонад.
Ин нуктаро Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошт.
"Барои низомиёни мо хуб маълум аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО ба таври доимӣ маълумоти иктишофӣ ва дигар додаҳоро ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина медиҳанд", - изҳор дошт намояндаи Кремл.
Вай афзуд, ин раванд метавонад амалиёти низомии Русия дар Украинаро тӯл диҳад, аммо барои расидан ба аҳдофи гузошташуда монеа шудан наметавонанд.
"Албатта маълум аст, ки дар ин ҳолат нерӯҳои мусаллаҳи Русия тамоми кореро, ки зарур аст, анҷом медиҳанд", - афзуд манбаъ.
Вай қаблан даъват намуда буд, ки ба гузоришҳои нашрияҳои ғарбӣ дар бораи эҳтимоли эълони сафарбаркунии умумӣ дар Русия бахшида 9 май гӯш надиҳанд, чун бепояанд.
Намояндаи Кремл дар мавриди гуфтушуниди Маскав ва Киев изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир ба далели мавқеъгириҳои номунтазами Украина бовар надоранд, ки ин раванд бо муваффақият анҷомад.
Дар мавриди вазъияти "Азовстал" хабар дода шуд, ки феълан тағйироти назаррасе нест, баъзан талоши муҳосирашудаҳо барои оташкушоӣ дида мешавад, аммо ҳамлае ҳанӯз дар нақша нест.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаи низомии Украинаро ба манзури безараргардонӣ ва нозизудоӣ оғоз кард.
Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, артиши Русия танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезанад ва рӯзи 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом доданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосӣ дар Вазорати дифоъ озодкунии Донбасс номида шуд.