https://sputnik.tj/20220505/britoniyo-shart-vaznin-putin-1048212137.html
Дар Бритониё шарти вазнини Путинро дастгирӣ карданд
Дар Бритониё шарти вазнини Путинро дастгирӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони рӯзномаи бритониёии Daily Express ба ташаббуси дигари НАТО дар робита ба Украина вокуниши шадид нишон дода, амалкарди ин паймонро тамасхур карданд
2022-05-05T16:05+0500
2022-05-05T16:05+0500
2023-10-02T17:11+0500
бритониёи кабир
владимир путин
иҷрои шарт
сиёсат
нато
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176788_0:131:3157:1907_1920x0_80_0_0_30af8c03674d23bbf75cea57039a7034.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Бритониёиҳо аз сиёсати НАТО интиқод карданд ва аз талаби президенти Русия Владимир Путин дар бораи тавсеа нашудани паймон ба самти Шарқ пуштибонӣ намуданд. Баҳси хонандагони рӯзномаи "Daily Express" пас аз эълони мудохилаи навбатии паймон ба муноқишаи Украина ҷараён гирифт. Аксари шореҳон таъкид карданд, ки амалиёти НАТО боиси ҳалокати мардуми бисёр шудааст ва ҳоло блоки ҳарбӣ кӯшиш мекунад, ки худро сулҳпарвар вонамуд кунад.Дигаре таъкид карда, ки агар Украина як кишвари бетараф мемонд ва Ғарб ба он силоҳ намебурд, муноқиша рух намедод. "НАТО Сербияро бе ягон ваколат бомбаборон кард, ки бисёр сокинони осоишта кушта шуданд", - гуфтааст корбари дигаре.Ба фикри ӯ, тавсияи иттиҳод хавфи ҷиддиест, ки бояд пешгирӣ карда шавад. Украина моҳи декабри соли 2014 аз мақоми ғайриблокии худ даст кашид ва сипас дар Қонуни Асосӣ роҳи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро пеш гирифт. Ҳоло ин кишвар дар мақоми шарикӣ бо ин паймон қарор дорад, аммо барои узвияти комили он пофишорӣ намекунад. Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои Русия ва НАТО ахиран ба таври ҷиддӣ бад шуданд. Ҳамин тавр дар охири соли 2021 Русия лоиҳаҳои шартнома бо Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои кафолатҳои амниятиро нашр кард. Маскав ба тавсеа накардани НАТО ва мустақар накардани пойгоҳҳои низомӣ дар марз бо Русия исрор дорад. Дар ин бора машваратҳо миёни Русия, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО баргузор шуданд, аммо ширкаткунандагони онҳо ба пешрафте ноил нагардиданд.
https://sputnik.tj/20220504/shoygu-naqliyot-nato-siloh-ukraina-zarba-1048178621.html
бритониёи кабир
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176788_221:0:2952:2048_1920x0_80_0_0_c348af00e2f1e953b9c022e66ed0f2e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нато, сиёсат, има, русия, украина
нато, сиёсат, има, русия, украина
Дар Бритониё шарти вазнини Путинро дастгирӣ карданд
16:05 05.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Хонандагони рӯзномаи бритониёии "Daily Express" ба ташаббуси дигари НАТО дар робита ба Украина вокуниши шадид нишон дода, амалкарди ин паймонро масхара карданд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Бритониёиҳо аз сиёсати НАТО интиқод карданд ва аз талаби президенти Русия Владимир Путин дар бораи тавсеа нашудани паймон ба самти Шарқ пуштибонӣ намуданд.
Баҳси хонандагони рӯзномаи "Daily Express" пас аз эълони мудохилаи навбатии паймон ба муноқишаи Украина ҷараён гирифт.
Аксари шореҳон таъкид карданд, ки амалиёти НАТО боиси ҳалокати мардуми бисёр шудааст ва ҳоло блоки ҳарбӣ кӯшиш мекунад, ки худро сулҳпарвар вонамуд кунад.
"Украина узви НАТО нест, чаро НАТО дахолат мекунад? НАТО сулҳҷӯ аст? Оё ин шӯхии нав аст? Амрико дар ҷаҳон ҳукмронӣ намекунад", - изҳор дошт як хонандаи "Daily Express".
Дигаре таъкид карда, ки агар Украина як кишвари бетараф мемонд ва Ғарб ба он силоҳ намебурд, муноқиша рух намедод.
"НАТО Сербияро бе ягон ваколат бомбаборон кард, ки бисёр сокинони осоишта кушта шуданд", - гуфтааст корбари дигаре.
Ба фикри ӯ, тавсияи иттиҳод хавфи ҷиддиест, ки бояд пешгирӣ карда шавад.
Украина моҳи декабри соли 2014 аз мақоми ғайриблокии худ даст кашид ва сипас дар Қонуни Асосӣ роҳи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро пеш гирифт.
Ҳоло ин кишвар дар мақоми шарикӣ бо ин паймон қарор дорад, аммо барои узвияти комили он пофишорӣ намекунад.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои Русия ва НАТО ахиран ба таври ҷиддӣ бад шуданд.
Ҳамин тавр дар охири соли 2021 Русия лоиҳаҳои шартнома бо Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои кафолатҳои амниятиро нашр кард.
Маскав ба тавсеа накардани НАТО ва мустақар накардани пойгоҳҳои низомӣ дар марз бо Русия исрор дорад.
Дар ин бора машваратҳо миёни Русия, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО баргузор шуданд, аммо ширкаткунандагони онҳо ба пешрафте ноил нагардиданд.