https://sputnik.tj/20220505/bahr-tojik-obkhezi-ehtimoli-omoda-1048196864.html
"Баҳри тоҷик"-ро барои обхезии эҳтимолӣ омода кардаанд
"Баҳри тоҷик"-ро барои обхезии эҳтимолӣ омода кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳудуди обанбори Қайроққум иншоотҳои гидротехникӣ мустаҳкам карда шуданд, то дар ҳолати фавқулодда кор бе мушкилот таъмин карда шаванд
2022-05-05T11:13+0500
2022-05-05T11:13+0500
2022-05-05T11:59+0500
дар тоҷикистон
кҳф
соҳилмустаҳкамкунӣ
суғд
"баҳри тоҷик"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101385/53/1013855351_0:297:3113:2048_1920x0_80_0_0_f7ba50009f7fd8d093280f175e765a4f.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар вилояти Суғд барои пешгирии офатҳои табиӣ корҳо ҷараён доранд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон.Кормандони КҲФ ба ин чорабиниҳо зиёда аз 50 воҳиди техникаи махсус ва 300 нафарро ҷалб намудаанд. Пеш аз ҳама дар атрофи обанбори Қайроққум корҳое дар ҷиҳати омода кардани он ба шароити обхезӣ анҷом шудаанд. Дар "Баҳри тоҷик" таъмини кори бенуқсон, инчунин қобилияти кори ҳамаи зерсохтҳои гидротехникиро дар минтақаҳои махсусан хавфнок санҷидаанд.КҲФ бо дарназардошти зуд-зуд омадани селу обхезии баҳорӣ тамоми талошро барои пешгирии оқибатҳои номатлуб дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо мекунад. Илова бар ин дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳо корҳои тозакунии каналҳо ва ҳифзи соҳилҳо идома доранд. Дар байни аҳолии маҳалҳо низ суҳбатҳо гузаронда мешаванд. Аз ин рӯ ба сокинони шаҳри Адрасмон ва деҳаи Гулдара тавзеҳ дода шуд, ки дар ҳолатҳои фавқулодда чӣ гуна рафтор кунанд. Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон бар асари як офати табиӣ шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ баста шуда буд. Дар километри 448-уми ин роҳ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ сел омад.Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ сафарбар шуд. Дар ҳамин ҳол Агентии обуҳавосанҷии кишвар аз ҳавои номусоид то 6 май, аз ҷумла дар саросари кишвар ҳушдор медиҳад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон шамоли сахт дар назар аст. Ҳавошиносон ҳамчунин қайд мекунанд, ки боришоти шадид боиси фаромадани ярч мегардад.
https://sputnik.tj/20220504/navbatdori-shabonaruzi-khatlon-1048181582.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101385/53/1013855351_0:151:2328:1897_1920x0_80_0_0_873bc12376d607588e1b195fa8fbb7b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"баҳри тоҷик" обхезm омода кҳф
"баҳри тоҷик" обхезm омода кҳф
"Баҳри тоҷик"-ро барои обхезии эҳтимолӣ омода кардаанд
11:13 05.05.2022 (Навсозишуда: 11:59 05.05.2022) Дар ҳудуди обанбори Қайроққум зерсохтҳои гидротехникӣ мустаҳкам карда шуданд, то дар ҳолати фавқулодда шароити корӣ бидуни мушкилӣ таъмин шавад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар вилояти Суғд барои пешгирии офатҳои табиӣ корҳо ҷараён доранд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон.
Кормандони КҲФ ба ин чорабиниҳо зиёда аз 50 воҳиди техникаи махсус ва 300 нафарро ҷалб намудаанд.
Пеш аз ҳама дар атрофи обанбори Қайроққум корҳое дар ҷиҳати омода кардани он ба шароити обхезӣ анҷом шудаанд. Дар "Баҳри тоҷик" таъмини кори бенуқсон, инчунин қобилияти кори ҳамаи зерсохтҳои гидротехникиро дар минтақаҳои махсусан хавфнок санҷидаанд.
КҲФ бо дарназардошти зуд-зуд омадани селу обхезии баҳорӣ тамоми талошро барои пешгирии оқибатҳои номатлуб дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо мекунад.
Илова бар ин дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳо корҳои тозакунии каналҳо ва ҳифзи соҳилҳо идома доранд.
Дар байни аҳолии маҳалҳо низ суҳбатҳо гузаронда мешаванд. Аз ин рӯ ба сокинони шаҳри Адрасмон ва деҳаи Гулдара тавзеҳ дода шуд, ки дар ҳолатҳои фавқулодда чӣ гуна рафтор кунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон бар асари як офати табиӣ шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ баста шуда буд. Дар километри 448-уми ин роҳ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ сел омад.
Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ сафарбар шуд.
Дар ҳамин ҳол Агентии обуҳавосанҷии кишвар аз ҳавои номусоид то 6 май, аз ҷумла дар саросари кишвар ҳушдор медиҳад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон шамоли сахт дар назар аст.
Ҳавошиносон ҳамчунин қайд мекунанд, ки боришоти шадид боиси фаромадани ярч мегардад.