Чор бонуи тоҷик дар чемпионати ҷаҳон муштзанӣ мекунанд
21:00 03.05.2022 (Навсозишуда: 20:33 04.05.2022)
© Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонСумайя Қосимова, муштзани тоҷик
© Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Обуна шудан
Чор бонуи тоҷикистонӣ дар шаҳри Истанбул барои унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи бокс ва 100 ҳазор доллар мукофоти пулӣ муштзанӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс миёни бонувон аз 6 то 21 май дар шаҳри Истанбул бо иштироки намояндагони 93 давлати дунё дар назар аст.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар маҷмуъ дар ин мусобиқа 419 варзишгар иштирок мекунанд, ки 4 нафарашон тоҷикистониянд.
Манбаъ афзуд, ки дар ин мусобиқаи бонфуз 4 варзишгари тоҷик - Сумайя Қосимова дар вазни то 48 кило, Рӯҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кило, Миҷгона Самадова - 57 кило ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 63 кило аз кишвари мо намояндагӣ мекунанд.
Бонувони тоҷикистонӣ қабл аз сафар ба ин мусобиқот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шудаанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 11 вазн сурат мегирад ва фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 11 вазн сурат мегирад ва фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар ҳар вазн ғолибону ҷоизадорон ҳамон маблағеро мегиранд, ки мардҳо дар Чемпионати ҷаҳони соли 2021 гирифта буданд. Аз ҷумла барои ҷои 1-ум 100 ҳазор доллар, 2-юм 50 ҳазор доллар ва ду ҷои 3-юм 25 ҳазор доллар пешбинӣ гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз қаҳрамонии ҷаҳон миёни бонувон дар риштаи бокс як медал - биринҷӣ дорад, ки онро Мавзуна Чориева соли 2012 дар Синхуандаои Чин ба даст овард.
Дар доираи чемпионат ҳамчунин конгресси ғайринавбатии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баргузор мегардад, ки дар он президент ва аъзои Шӯрои директорон интихоб мегарданд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ба вазифаи президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс номзадии Умар Кремлев аз Русия ва Борис ван дер Ворст аз Нидерландия пешниҳод гардидааст.