https://sputnik.tj/20220505/maskav-hamkori-harbi-om-taqviyat-1048214701.html
Маскав ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро тақвият медиҳад
Маскав ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро тақвият медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Маскав бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо муваффақият идома дорад
2022-05-05T16:50+0500
2022-05-05T16:50+0500
2022-05-05T18:13+0500
дар русия
ом
ҳамкорӣ
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046189618_0:43:3072:1771_1920x0_80_0_0_b59f4cab1ae018b2ed2901afa54a46a7.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Русия ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи амният тақвият медиҳад. Ҳамкории ҳарбию техникӣ низ тавсеа меёбад, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.Ба гуфтаи ӯ, дар ҷиҳати ироаи кумакҳои ҳарбӣ-техникӣ барномаҳои мухталиф амалӣ мешаванд, ки барои муҳлатҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Ҳадафи аслии ин барномаҳо таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Тоҷикистон аст. "Ман кори муштаракро дар бахши сохторҳои зиддитеррористӣ ва зидди маводи мухаддири ИДМ, СПАД ва СҲШ махсусан қайд мекунам", - афзуд Лавров. Вай таъкид кард, ки иқдомоти муассири нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар моҳи январи соли 2022 барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии дохилии Қазоқистон мусоидат кард, ки камолот ва эътимоднокии баланди ин созмонро рӯшан нишон медиҳад. Роҳи мубориза бо бетартибиҳо аз ҷониби СПАД дар ҷумҳурӣ имкон дод, ки таҳдидҳо ба амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ шавад, қайд кард вазир.Вай ҳамчунин итминон дод, ки бар хилофи бархе аз кишварҳои ғарбӣ Русия минтақаи Осиёи Марказиро майдони бархӯрди геополитикӣ дар рӯҳияи консепсияи мустамликавии "Бозии бузург" намеҳисобад. Вазир афзуд, Маскав барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энержӣ, илмию техникӣ ва татбиқи имконоти транзитӣ дар ин минтақаи ҷуғрофӣ имконоти бузургро мебинад.Қаблан котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дода буд, ки нишасти солгарди СПАД дар Маскав баргузор мешавад. Ба гуфтаи намояндаи Кремл, мумкин аст, дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СПАД ба авзоъ дар Украина дахл шавад. Ҳамчунин маълум аст, ки кишварҳои узви СПАД имсол чанд тамрини муштарак баргузор мекунанд.
https://sputnik.tj/20220505/lavrov-hamkorihoi-nizomi-fanni-kishvarho-osiyoi-markazi-1048200323.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046189618_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_744178bf1f23e4b8ed0370cf96ed726a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав ҳамкорӣ низомӣ осиёи марказӣ
маскав ҳамкорӣ низомӣ осиёи марказӣ
Маскав ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро тақвият медиҳад
16:50 05.05.2022 (Навсозишуда: 18:13 05.05.2022) Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Маскав бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо муваффақият идома дорад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Русия ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи амният тақвият медиҳад.
Ҳамкории ҳарбию техникӣ низ тавсеа меёбад, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.
"Ҳамкорӣ дар соҳаи амният таҳким меёбад. Дар заминаи муқовимат ба терроризми байналмилалӣ машваратҳо мунтазам сурат гирифта, лоиҳаҳои дахлдори дуҷониба амалӣ мешаванд ва дар омода кардани кадрҳои касбӣ кумак расонида мешавад", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷиҳати ироаи кумакҳои ҳарбӣ-техникӣ барномаҳои мухталиф амалӣ мешаванд, ки барои муҳлатҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Ҳадафи аслии ин барномаҳо таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Тоҷикистон аст.
"Ман кори муштаракро дар бахши сохторҳои зиддитеррористӣ ва зидди маводи мухаддири ИДМ, СПАД ва СҲШ махсусан қайд мекунам", - афзуд Лавров.
Вай таъкид кард, ки иқдомоти муассири нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар моҳи январи соли 2022 барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии дохилии Қазоқистон мусоидат кард, ки камолот ва эътимоднокии баланди ин созмонро рӯшан нишон медиҳад.
Роҳи мубориза бо бетартибиҳо аз ҷониби СПАД дар ҷумҳурӣ имкон дод, ки таҳдидҳо ба амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ шавад, қайд кард вазир.
Вай ҳамчунин итминон дод, ки бар хилофи бархе аз кишварҳои ғарбӣ Русия минтақаи Осиёи Марказиро майдони бархӯрди геополитикӣ дар рӯҳияи консепсияи мустамликавии "Бозии бузург" намеҳисобад.
Вазир афзуд, Маскав барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энержӣ, илмию техникӣ ва татбиқи имконоти транзитӣ дар ин минтақаи ҷуғрофӣ имконоти бузургро мебинад.
Қаблан котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дода буд, ки нишасти солгарди СПАД дар Маскав баргузор мешавад. Ба гуфтаи намояндаи Кремл, мумкин аст, дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СПАД ба авзоъ дар Украина дахл шавад.
Ҳамчунин маълум аст, ки кишварҳои узви СПАД имсол чанд тамрини муштарак баргузор мекунанд.