Лавров аз рушди ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВстреча главы МИД РФ С. Лаврова с председателем Ливанского христианского движения "Марода" С. Франжье
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с председателем Ливанского христианского движения Марода С. Франжье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия аз ҳамкориҳои низомиву фаннӣ бо кишварҳои Осиё Марказӣ гуфт ва таъкид намуд, ки ин раванд дар ҳоли рушд аст
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, Маскав ҳамкориҳои амниятӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро тақвият медиҳад ва ҳамкориҳои низомию фаннӣ низ дар ҳоли рушданд аст.
"Ҳамкорӣ дар соҳаи амният таҳким меёбад. Дар заминаи муқовимат ба терроризми байналмилалӣ машваратҳо мунтазам гузаронида шуда, лоиҳаҳои дахлдори дуҷониба амалӣ ва дар омода намудани кадрҳои касбӣ кӯмак расонида мешавад. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ инкишоф меёбанд", - гуфт вазир дар мақолае ба муносибати 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар "Российская газета" нашр шудааст.
Ба гуфтаи вай, барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат дар самти ироаи кумакҳои низомиву фаннӣ барои таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ мешаванд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Лавров аз Душанбе боздид мекунад: сабаби сафар
Дипломати рус кори муштарак дар самти сохторҳои зиддитеррористӣ ва зидди маводи мухаддири ИДМ, СААД ва СҲШ махсусан қайд намуд. Ӯ саҳми самарабахши посдорони сулҳи СААД барои ба эътидол овардани вазъият дар Қазоқистонро махсусан зикр намуда гуфт, кори онҳо дар моҳи январи соли равон далели рӯшани камолот ва эътимоднокии баланди ин созмонро нишон дод.

"Ин аз бисёр ҷиҳат имкон дод, ки аз таҳдидҳо ба амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ шавад", - гуфт Лавров.

Вай ҳамчунин таъкид кард, бар хилофи бархе аз кишварҳои ғарбӣ Русия минтақаи Осиёи Марказиро майдони бархӯрди геополитикӣ дар рӯҳияи консепсияи мустамликадории "Бозии бузург" намеҳисобад.
Вазир афзуд, Маскав барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энержӣ, илмию техникӣ имконоти бузургро мебинад.
Лентаи хабарҳо
0