Ду шаҳрванди Ӯзбекистон зимни наҷоти ҷони одам аз сӯхтор дар Митиши ҷон бохтанд

© PixabayОгонь
Огонь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Сабаби сар задани сӯхтор муносибати беэҳтиётона бо оташ будааст. Ду шаҳрванди Ӯзбекистон фарёд шунида, барои наҷоти ҷони одам талош кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Бар асари сӯхтор дар як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав ду шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд.
Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав кушта шудани ду шаҳрванди Ӯзбекистонро дар зимни талоши наҷоти ҷони одам дар суҳбат бо Sputnik тасдиқ кард.
Маълум шуда, ки сӯхтор дар манзили истиқоматӣ бар асари хомӯш накардани сӯхтаи сигор ба вуқӯъ пайвастааст.
Иҷорагир аз хоб бедор шуда, оташро дида, аз тиреза барои кумак даъват кардааст. Ду нафар аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки аз назди хона мегузаштанд, садои ин мардро шунидаанд.
Пожарные во время тушения пожара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Сӯхтори мудҳиш дар бинои истиқоматӣ дар Митиши чанд куштаю захмӣ бар ҷой гузошт - видео
Пас аз ин барои наҷоти ӯ ба манзили зисташ баромаданӣ шуданд ва сипас дар лифт дармонданд. Дар натиҷаи фарогирии дуд мардон дар дохили лифт нафасгир шудаанд.
Бар асоси натоиҷи фаъолияти бозрасиву санҷишӣ, Кумитаи тафтишотии Русия бар асоси қисми 3, моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия, (яъне кушта шудани ду ва ё зиёда шахс дар натиҷаи беэҳтиётӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар ҳоли ҳозир сафорати Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо намояндагии Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар Маскав ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷат ва фиристодани ҷасади фавтидагон ба Ватан чораҳои зарурӣ меандешад.
Лентаи хабарҳо
0