Сӯхтори мудҳиш дар бинои истиқоматӣ дар Митиши чанд куштаю захмӣ бар ҷой гузошт - видео

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкПожарные во время тушения пожара, архивное фото
Пожарные во время тушения пожара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Сӯхтор ҷони се нафарро гирифт, 15 нафари дигар аз гази карбон заҳролуд шуданд. Ҷабрдидагон бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар Митишии Маскав бинои 9-ошёна оташ гирифт. Дар ин бора губернатори вилояти Маскав Андрей Воробёв дар шабакаи "Telegram"-и худ хабар дод.
Ӯ қайд кард, ки дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш 3 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар аз оксиди карбон заҳролуд шудаанд.
"Ҳоло сӯхтор хомӯш карда мешавад, хадамоти махсус дар ҷои ҳодиса кор мекунанд. Мутаассифона, кушташудагон ва захмиён, аз ҷумла бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ низ ҳастанд", — навиштааст Воробёв.
Губернатор ба шуъбаи тандурустӣ дастур дод, ки расонидани ёрии тиббиро ба сокинони хона, ки сари вақт эвакуатсия карда шудаанд, назорат кунанд.
"Ҳозир вазифаи роҳбар ин аст, ки мардумро ҷою ғизо диҳанд, дастгирии равонӣ кунанд ва дар ҳолати зарурӣ бо ҳуҷҷатҳо кумак намоянд", - афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0