https://sputnik.tj/20220504/tojikiston-molho-vorid-1048168183.html
Тоҷикистон бештар кадом молҳоро ворид мекунад?
Тоҷикистон бештар кадом молҳоро ворид мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Аз авоили соли ҷорӣ дар феҳристи колоҳои аслии воридотӣ ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум дар ҷои аввал қарор дорад
2022-05-04T13:40+0500
2022-05-04T13:40+0500
2022-05-04T16:17+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
воридот
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103113/97/1031139782_0:264:3170:2047_1920x0_80_0_0_e648c2a1dc0b0530e2674233550b8c37.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 18%-и ҳаҷми умумии воридот маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум будааст. Дар ин бора маълумоти оморӣ аз аввали соли ҷорӣ шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тариқ воридоти ин маҳсулот дар семоҳаи аввали соли 2022 18,1% аз ҳаҷми умумиро ташкил дод. Дар маҷмуъ аз аввали сол ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,2 миллиард доллар коло ворид шудааст. Дар ин муддат ба Тоҷикистон беш аз 193,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуда, хариди он 1,6 баробар афзуда, маблағи умумии он беш аз 154,8 миллион долларро ташкил додааст.Шарикони асосии Тоҷикистон дар содироти коло маълум шудандТибқи маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба ҷумҳурӣ беш аз 202,8 ҳазор тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба 3 моҳи соли 2021 7,6 фоиз кам мебошад. Ҳаҷми воридоти гандум беш аз 60,1 миллион долларро ташкил додааст. Воридоти орд дар ин давра беш аз 11,1 ҳазор тонна ба маблағи беш аз 3,5 миллион доллар будааст. Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми умумии воридоти коло ба ҷумҳурӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил додааст. Қобили зикр аст, ки гардиши мол миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион сомониро ташкил дод.Воридоти мол ба ҷумҳурӣ аз Русия 28,3% аз ҳаҷми умумии воридот, 20,1% аз Чин ва 17,1% аз Қазоқистон сурат гирифт. Тоҷикистон як харидори умедбахши алюминийро ба даст овардҚаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар соли 2021 бори аввал дар 15 соли охир бартарии содирот бар воридотро ба даст овард: афзоиши беандоза аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба даст омад. Дар байни молҳои бештар содиршавандаи Тоҷикистон маҳсулоти маъданӣ ва металлҳои қиматбаҳо мебошанд.
https://sputnik.tj/20220415/segona-strateg-koloho-voridoti-tojikiston-1047660339.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103113/97/1031139782_441:0:3170:2047_1920x0_80_0_0_227a7d31410382b52967ef73035211a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон мол ворид
Тоҷикистон бештар кадом молҳоро ворид мекунад?
13:40 04.05.2022 (Навсозишуда: 16:17 04.05.2022) Аз авоили соли ҷорӣ дар феҳристи колоҳои аслии воридотӣ ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум дар ҷои аввал қарор дорад
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 18%-и ҳаҷми умумии воридот маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум будааст. Дар ин бора маълумоти оморӣ аз аввали соли ҷорӣ шаҳодат медиҳанд.
Ҳамин тариқ воридоти ин маҳсулот дар семоҳаи аввали соли 2022 18,1% аз ҳаҷми умумиро ташкил дод.
Дар маҷмуъ аз аввали сол ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,2 миллиард доллар коло ворид шудааст.
Дар ин муддат ба Тоҷикистон беш аз 193,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуда, хариди он 1,6 баробар афзуда, маблағи умумии он беш аз 154,8 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба ҷумҳурӣ беш аз 202,8 ҳазор тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба 3 моҳи соли 2021 7,6 фоиз кам мебошад.
Ҳаҷми воридоти гандум беш аз 60,1 миллион долларро ташкил додааст.
Воридоти орд дар ин давра беш аз 11,1 ҳазор тонна ба маблағи беш аз 3,5 миллион доллар будааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми умумии воридоти коло ба ҷумҳурӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки гардиши мол миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион сомониро ташкил дод.
Воридоти мол ба ҷумҳурӣ аз Русия 28,3% аз ҳаҷми умумии воридот, 20,1% аз Чин ва 17,1% аз Қазоқистон сурат гирифт.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар соли 2021 бори аввал дар 15 соли охир бартарии содирот бар воридотро ба даст овард: афзоиши беандоза аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба даст омад.
Дар байни молҳои бештар содиршавандаи Тоҷикистон маҳсулоти маъданӣ ва металлҳои қиматбаҳо мебошанд.