Сегонаи стратегӣ: Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом колоҳоро ворид мекунад

CC BY 2.0 / Roy Luck / Oil tank cars in late afternoon lightЦистерны для нефтепродуктов, архивное фото
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Аз оғози соли 2022 колоҳои аслии воридотӣ ба Тоҷикистон мисли пештара маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум будааст
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Аз аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум мақоми аввалро ишғол кардааст.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ тавзеҳ додааст, ки ҳаҷми воридоти се маҳсулоти номбурда танҳо дар ду моҳи аввали соли 2022 қариб 16%-и ҳаҷми умумии воридотро ташкил додааст.
"Ба кишвар беш аз 118,3 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бо афзоиши 44,3% ворид карда шуд, ки ҳаҷми умумии он беш аз 94,3 миллион долларро ташкил дод", - иттилоъ медиҳад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба омор.
Аз аввали сол ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 862,5 миллион доллар колоҳои мухталиф ворид шудааст.
Бино ба маълумоти хадамоти гумруки кишвар, дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ воридоти гандум беш аз 139,4 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми воридоти гандум беш аз 41,1 миллион долларро ташкил дод.
Ложка сахара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Нақшаҳои "ширин": Тоҷикистон воридоти шакарро афзоиш медиҳад
Дар мавриди орди воридотӣ бошад, бояд гуфт, дар ин муддат 5,9 ҳазор тонна, ба маблағи умумии беш аз 1,9 миллион доллар харидорӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки Тоҷикистон нақша дорад, харидории шакарро афзоиш диҳад.
Аз соли 2022 то соли 2024 воридоти ин маҳсулот бояд тақрибан 20% афзоиш ёбад. Тибқи пешгӯиҳо, ҳаҷми воридоти шакар ба 205 ҳазор тонна мерасад. Ва дар соли ҷорӣ воридот 175 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, афзоиши воридот аз афзоиши шумораи аҳолӣ ва ниёз ба саноати коркард вобастааст.
Аз ҷумла шакари воридотӣ дар истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба миқдори зиёд лозим аст.
Лентаи хабарҳо
0