https://sputnik.tj/20220504/shikast-muntakhab-tojikiston-makedoniya-1048163376.html
Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз ҳамсолонашон аз Македонияи Шимолӣ
Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз ҳамсолонашон аз Македонияи Шимолӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи ин мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон боз бо тимҳои Гондурас ва Косово рақобат мекунад. Рақобатҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила гузаронда шуда
2022-05-04T10:59+0500
2022-05-04T10:59+0500
2022-05-04T12:46+0500
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
шикаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048163278_0:114:1500:958_1920x0_80_0_0_fcf09b292bcbf6f0ae96ec5ae9f5de1f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 3-юми май бозии якумашро дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе бо тими наврасони Македонияи Шимолӣ анҷом дод. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Дар ҳайати мунтахаби мо Билол Бобоев муаллифи дубл шуда, Масрур Ғафуров ба номаш як голро сабт намуд. Тибқи низомномаи мусобиқа дар сурати мусовӣ ғолиб аз рӯйи зарбаҳои пеналтӣ муайян карда мешавад. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бахт ба рӯйи Македонияи Шимолӣ хандид – 5:4. Дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе мунтахаби Тоҷикистон (U-16) рӯзи 5 май бо дастаи Ҳондурас вомехӯрад. Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастаҳо бо ҳар кадом дар як давр бозӣ мекунанд - дар маҷмӯъ 6 бозӣ баргузор мешавад. Дар сурати мусовӣ дар охири 90 дақиқа, зарбаи пеналтӣ пешбинӣ шудааст. Даста барои пирӯзии вақти муқаррарӣ 3 хол, барои ғалаба дар зарбаи пеналтӣ 2 хол ва барои бохт дар зарбаи пеналтӣ 1 хол мегиранд.Тими мунтахаби наврасони то 16 - солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар ин мусобиқа ширкат дорад.Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, яккачини тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола, ки аз 11 то 21 май дар назар аст, ширкат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220503/chor-bonu-tojik-chempionat-jahon-mushtzani-1048155363.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048163278_36:0:1464:1071_1920x0_80_0_0_6fe2ece7a660ea9b8dcacdf6c627e226.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон македонияи шимолӣ футбол
тоҷикистон македонияи шимолӣ футбол
Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз ҳамсолонашон аз Македонияи Шимолӣ
10:59 04.05.2022 (Навсозишуда: 12:46 04.05.2022) Дар доираи ин мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон боз бо тимҳои Гондурас ва Косово рақобат мекунад. Рақобатҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила гузаронда мешаванд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 3-юми май бозии якумашро дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе бо тими наврасони Македонияи Шимолӣ анҷом дод. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт.
Дар ҳайати мунтахаби мо Билол Бобоев муаллифи дубл шуда, Масрур Ғафуров ба номаш як голро сабт намуд.
Тибқи низомномаи мусобиқа дар сурати мусовӣ ғолиб аз рӯйи зарбаҳои пеналтӣ муайян карда мешавад. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бахт ба рӯйи Македонияи Шимолӣ хандид – 5:4.
Дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе мунтахаби Тоҷикистон (U-16) рӯзи 5 май бо дастаи Ҳондурас вомехӯрад. Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастаҳо бо ҳар кадом дар як давр бозӣ мекунанд - дар маҷмӯъ 6 бозӣ баргузор мешавад.
Дар сурати мусовӣ дар охири 90 дақиқа, зарбаи пеналтӣ пешбинӣ шудааст. Даста барои пирӯзии вақти муқаррарӣ 3 хол, барои ғалаба дар зарбаи пеналтӣ 2 хол ва барои бохт дар зарбаи пеналтӣ 1 хол мегиранд.
Тими мунтахаби наврасони то 16 - солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар ин мусобиқа ширкат дорад.
Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, яккачини тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола, ки аз 11 то 21 май дар назар аст, ширкат хоҳад кард.