https://sputnik.tj/20220504/qazoqiston-viloyat-nav-1048163725.html
Дар Қазоқистон се вилояти нав пайдо шуд
Дар Қазоқистон се вилояти нав пайдо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мувофики фармони роҳбари Қазоқистон дар ин ҷумҳурӣ вилоятҳои нав — Улитау, Жетису ва Абай ташкил карда шуда, мутаносибан шаҳрхои Семей, Талдиқурғон ва Жезказгон марказҳои онҳо гардиданд.
2022-05-04T11:15+0500
2022-05-04T11:15+0500
2022-05-04T12:42+0500
қазоқистон
ом
вилоят
қосим -жомарт тоқаев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044727085_0:0:1501:844_1920x0_80_0_0_93391661c2446720da3b307103c5df24.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон фармон дар бораи таъсиси се вилояти навро имзо кард. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод. Ҳамин тариқ, тибқи фармони президенти ин кишвар вилоятҳои Улитау, Жетису ва Абай ташкил карда шуданд. Гуфта мешавад, ки шаҳри Семей ба маркази маъмурии вилояти Абай табдил меёбад. Ин вилояти тозатаъсис навоҳии Оқсуат, ноҳияҳои Абай, Аягоз, Бескарагай, Бородулиха, Жарма, Урҷар, Кокпектин, шаҳрҳои Семей ва Курчатовро шомил мешавад. Минтақаи дуюми нав Жетису мебошад. Маркази вилоят ин вилоят шаҳри Талдикурғон таъйин шуд.Он дар натиҷаи аз вилояти Алмаато ҷудо кардани минтақаҳои Оқсу, Алакол, Ескелдин, Қаратол, Кербулоқ, Кӯксу, Панфилов, Саркан, шаҳрҳои Талдиқӯрғон ва Текели ташкил шудааст. Боз як вилояти нав Улитау ном дорад ва Жезказган маркази он гуфта мешавад. Тибқи фармони президент, он як қисми қаламравҳои вилояти Қарағанда аз қабили Жанаарка, ноҳияҳои Улитау, шаҳрҳои Жезказган, Қаражал ва Сатпаевро шомил мешавад. Раҳбари Қазоқистон рӯзи 16 март дар бораи таъсиси минтақаҳои нав хабар дода буд.
https://sputnik.tj/20220503/khohar-nazarboev-qazoqiston-qarzdor-1048152220.html
қазоқистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044727085_178:0:1305:845_1920x0_80_0_0_6aee6276ef01c93a11487417f8d49edb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон вилоят нав
Дар Қазоқистон се вилояти нав пайдо шуд
11:15 04.05.2022 (Навсозишуда: 12:42 04.05.2022) Роҳбари Қазоқистон, дар ин ҷумҳурӣ вилоятҳои нав — Улитау, Жетису ва Абайро ташкил ва шаҳрҳои Семей, Талдиқурғон ва Жезказгонро марказҳои ин вилоёт эълон кард
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон фармон дар бораи таъсиси се вилояти навро имзо кард. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод.
Ҳамин тариқ, тибқи фармони президенти ин кишвар вилоятҳои Улитау, Жетису ва Абай ташкил карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки шаҳри Семей ба маркази маъмурии вилояти Абай табдил меёбад. Ин вилояти тозатаъсис навоҳии Оқсуат, ноҳияҳои Абай, Аягоз, Бескарагай, Бородулиха, Жарма, Урҷар, Кокпектин, шаҳрҳои Семей ва Курчатовро шомил мешавад.
Минтақаи дуюми нав Жетису мебошад. Маркази вилоят ин вилоят шаҳри Талдикурғон таъйин шуд.
Он дар натиҷаи аз вилояти Алмаато ҷудо кардани минтақаҳои Оқсу, Алакол, Ескелдин, Қаратол, Кербулоқ, Кӯксу, Панфилов, Саркан, шаҳрҳои Талдиқӯрғон ва Текели ташкил шудааст.
Боз як вилояти нав Улитау ном дорад ва Жезказган маркази он гуфта мешавад. Тибқи фармони президент, он як қисми қаламравҳои вилояти Қарағанда аз қабили Жанаарка, ноҳияҳои Улитау, шаҳрҳои Жезказган, Қаражал ва Сатпаевро шомил мешавад.
Раҳбари Қазоқистон рӯзи 16 март дар бораи таъсиси минтақаҳои нав хабар дода буд.