Панҷ паҳлавони тоҷик дар Қазоқистон ба майдон мебароянд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВольная и греко-римская борьба.
Вольная и греко-римская борьба.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ дар шаҳри Нурсултон то 5 май идома меёбад, ки 5 намояндаи Тоҷикистон низ дар он иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи юнонӣ-римӣ ба хотираи Жаксилик Ушкемпиров миёни ҷавонони то 20-сола дар шаҳри Нурсултон баргузор мешавад, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат мекунанд.
Таъкид шудааст, ки Тоҷикистонро 5 варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60 кило, Сиёвуш Ачилов - 63 кило, Шероз Очилов - 72 кило, Султон Саидзода - 72 кило ва Русланҷони Рустамҷон дар вазни 82 кило намояндагӣ мекунанд.
Сумайя Қосимова, муштзани тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Чор бонуи тоҷик дар чемпионати ҷаҳон муштзанӣ мекунанд
Кумита афзуд, ки паҳлавонҳои ҷавони тоҷикро дар Қазоқистон мураббӣ Фаррухрӯз Раҳмонов ва довар Ҷаҳонгир Аланазаров ҳамроҳӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ушкемпиров паҳлавони Қазоқистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки унвони қаҳрамони олимпӣ ва қаҳрамони ҷаҳонро дорад. Ӯ соли 1951 дар Қазоқистон таваллуд шуда, соли 2020 дар ин кишвар даргузаштааст.
Дар доираи мусобиқа ба хотири ин паҳлавони номдор ҳамчунин курси омӯзишӣ барои доварон баргузор шуд. Дар омӯзиш ду довари тоҷикистонӣ, Фаррухрӯз Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Аланазаров ширкат карданд.
Машғулиятҳои назариявӣ анҷом ёфта, дар доираи мусобиқа машғулиятҳои амалӣ сурат мегиранд ва дар натиҷа ба иштирокчиён сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ тақдим хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0