https://sputnik.tj/20220504/sobiq-kishvardor-afghoniston-safir-rusiya-1048177340.html
Кишвардори пешини Афғонистон бо сафири Русия чиро баррасӣ кард?
Кишвардори пешини Афғонистон бо сафири Русия чиро баррасӣ кард?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳомид Карзай бо вуҷуди ба сари қудрат омадани толибон ҳамоно як чеҳраи саршинос дар арсаи сиёсии Афғонистон боқӣ мемонад
2022-05-04T16:00+0500
2022-05-04T16:00+0500
2022-05-04T18:59+0500
афғонистон
ҳамид карзай
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042639809_0:334:2730:1870_1920x0_80_0_0_d1f0c82b695041098c5881bc1c1eff72.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов мулоқот кард. Дар ин бора Карзай рӯзи чаҳоршанбе дар "Твиттер" хабар дод. "Рӯзи чаҳоршанбе раисҷумҳури асбақи Афғонистон Ҳомид Карзай дар сафорати Русия бо Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон дидор кард. Дар ин дидор вазъи кунунии Афғонистон ва ҳамчунин масоили таҳкими бештари равобити ду кишвар баррасӣ шуд", - навиштааст ӯ.Карзай бо вуҷуди ба қудрат расидани толибон ҳамоно як чеҳраи саршинос дар арсаи сиёсии Афғонистон боқӣ мемонад ва давра ба давра бо раиси намояндагии дипломатии Русия ва дипломатҳои кишварҳои дигар дар Кобул мулоқот мекунад.Толибон баъди эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нирӯҳояш аз он ҷо дар баҳори соли 2021 амалиёти густурда барои тасаллут бар Афғонистонро оғоз карданд. Рӯзи 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва рӯзи 6 сентябр аз тасаллут бар тамоми қаламрави Афғонистон хабар доданд.Рӯзи 7 сентябр толибон ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.
https://sputnik.tj/20220425/karzay-shukufoii-afghoniston-biduni-bozgashti-dukhtaron-ba-makotib-mumkin-nest-1047949664.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042639809_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_bc98b2809be3d805d8b38e35db02f8b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон ҳомид карзай сафир русия
афғонистон ҳомид карзай сафир русия
Кишвардори пешини Афғонистон бо сафири Русия чиро баррасӣ кард?
16:00 04.05.2022 (Навсозишуда: 18:59 04.05.2022) Ҳомид Карзай бо вуҷуди ба сари қудрат омадани толибон ҳамоно як чеҳраи саршинос дар арсаи сиёсии Афғонистон боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов мулоқот кард. Дар ин бора Карзай рӯзи чаҳоршанбе дар "Твиттер" хабар дод.
"Рӯзи чаҳоршанбе раисҷумҳури асбақи Афғонистон Ҳомид Карзай дар сафорати Русия бо Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон дидор кард. Дар ин дидор вазъи кунунии Афғонистон ва ҳамчунин масоили таҳкими бештари равобити ду кишвар баррасӣ шуд", - навиштааст ӯ.
Карзай бо вуҷуди ба қудрат расидани толибон ҳамоно як чеҳраи саршинос дар арсаи сиёсии Афғонистон боқӣ мемонад ва давра ба давра бо раиси намояндагии дипломатии Русия ва дипломатҳои кишварҳои дигар дар Кобул мулоқот мекунад.
Толибон баъди эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нирӯҳояш аз он ҷо дар баҳори соли 2021 амалиёти густурда барои тасаллут бар Афғонистонро оғоз карданд.
Рӯзи 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва рӯзи 6 сентябр аз тасаллут бар тамоми қаламрави Афғонистон хабар доданд.
Рӯзи 7 сентябр толибон ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.