https://sputnik.tj/20220504/haqqoni-bozgushoii-makotibi-dukhtarona-nishasti-ulamoi-din-1048185393.html
Ҳаққонӣ: Дар мавриди бозгушоии макотиби духтарона нишасти уламои дин баргузор мешавад
Ҳаққонӣ: Дар мавриди бозгушоии макотиби духтарона нишасти уламои дин баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз чеҳраҳои шинохта ва аршади гурӯҳи толибон мегӯяд, ки макотиби миёна ва литсей базудӣ ба рӯи духтарон боз хоҳад шуд
2022-05-04T18:50+0500
2022-05-04T18:50+0500
2022-05-04T19:48+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
мактабҳои миёна
духтарон
толибон
иҷозат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041716203_0:105:3069:1831_1920x0_80_0_0_a5688362bfeaad593a574cf54ab0198b.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, як узви аршади толибон ахиран дар як ҷамъомаде дар вилояти Хуст гуфт, ки дар рӯзҳои наздик нишасти уламои дин баргузор мешавад ва мактабҳои духтарона дубора боз хоҳанд шуд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.Бародари Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати дохилии ҳукумати толибон афзуд, толибон мухолифи таҳсили духтарон нестанд. Ҳол он ки баъд аз ба сари қудрат расидани толибон духтарони аз синфи шаш боло ҳаққи ба мактаб рафтанро надоранд.Пас аз чанд моҳи басташавии макотиб қарор буд, мактабҳои духтарона дар саросари кишвар боз шаванд, аммо Вазорати маорифи толибон эълон кард, ки мактабҳои миёнаи духтарона то эълони минбаъда баста хоҳанд монд.Он замон Вазорати маорифи толибон дар баёнияе гуфта буд, ки агар либоси мактабӣ бар асоси қонун, расму ойин ва фарҳанги Афғонистон тарҳрезӣ шавад, мактабҳои духтарона таҳти раҳбарии толибон дубора боз хоҳанд шуд.Тасмими бастани мактабҳои духтарона вокунишҳои густурдаи ҷаҳониро ба бор овард. Ҳоло Ҳукумати Толибон таҳти фишор қарор дорад. Ин гурӯҳ то ҳол ба занон иҷозат надодааст, ки дар идораҳои давлатӣ кор кунанд.
https://sputnik.tj/20220504/mujohid-khabarnigor-zindon-rasonaho-hamkori-1048181991.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041716203_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_55e16bcdc017e7a1e2442093e19f568b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, макотиб, бозгушоӣ, духтарона, толибон
афғонистон, макотиб, бозгушоӣ, духтарона, толибон
Ҳаққонӣ: Дар мавриди бозгушоии макотиби духтарона нишасти уламои дин баргузор мешавад
18:50 04.05.2022 (Навсозишуда: 19:48 04.05.2022) Яке аз чеҳраҳои шинохта ва аршади гурӯҳи толибон мегӯяд, макотиби миёна ва литсейҳо базудӣ ба рӯи духтарон боз хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, як узви аршади толибон ахиран дар як ҷамъомаде дар вилояти Хуст гуфт, ки дар рӯзҳои наздик нишасти уламои дин баргузор мешавад ва мактабҳои духтарона дубора боз хоҳанд шуд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Бародари Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати дохилии ҳукумати толибон афзуд, толибон мухолифи таҳсили духтарон нестанд. Ҳол он ки баъд аз ба сари қудрат расидани толибон духтарони аз синфи шаш боло ҳаққи ба мактаб рафтанро надоранд.
Пас аз чанд моҳи басташавии макотиб қарор буд, мактабҳои духтарона дар саросари кишвар боз шаванд, аммо Вазорати маорифи толибон эълон кард, ки мактабҳои миёнаи духтарона то эълони минбаъда баста хоҳанд монд.
Он замон Вазорати маорифи толибон дар баёнияе гуфта буд, ки агар либоси мактабӣ бар асоси қонун, расму ойин ва фарҳанги Афғонистон тарҳрезӣ шавад, мактабҳои духтарона таҳти раҳбарии толибон дубора боз хоҳанд шуд.
Тасмими бастани мактабҳои духтарона вокунишҳои густурдаи ҷаҳониро ба бор овард. Ҳоло Ҳукумати Толибон таҳти фишор қарор дорад. Ин гурӯҳ то ҳол ба занон иҷозат надодааст, ки дар идораҳои давлатӣ кор кунанд.