https://sputnik.tj/20220503/volodin-poshkhurii-ukraina-1048147359.html
Оғоз шудааст: шарҳи Володин дар бораи эҳтимоли пошхӯрии Украина
Оғоз шудааст: шарҳи Володин дар бораи эҳтимоли пошхӯрии Украина
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Думаи давлатии Русия назарашро дар мавриди эҳтимоли пошхӯрии давлати Украина баён дошта, таъкид кардааст, ки он аллакай оғоз шудааст
2022-05-03T12:00+0500
2022-05-03T12:00+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сиёсат
вячеслав володин
думаи давлатӣ
донетск
луганск
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/86/1030028655_0:0:2853:1605_1920x0_80_0_0_abc86708e686971797fd5e9fd1d5004b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Пошхӯрии Украина соли 2014-ум, баъди табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар оғоз шуд, изҳор дошт Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия. Ба гуфтаи ӯ, маҳз баъди табаддулоти давлатии соли 2014-ум Қрим аз ҳайати Украина хориҷ шуд. Володин ин нуктаро дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди эҳтимоли пошхӯрии Украина баён дошт. Вай ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск низ мустақилияти худро эълон карда, аз ҳайати он хориҷ гардиданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бисёри аз онҳое, ки феълан дар қисматҳои ғарбии Украина зиндагӣ мекунанд, аллакай шаҳрвандии Лаҳистону Булғористонро гирифта истодаанд. "Тайи вақтҳои охир беш аз 5 млн нафар Украинаро тарк карданд, ки аз ин ҳам ба вазъи Украина эътидол зам намекунад", - таъкид кард роҳбари Думаи давлатӣ. Вай ҳамчунин хотиррасон кардааст, ки феълан изҳороте аз Херсону дигар вилоятҳо ба гӯш мерасанд, ки мехоҳанд, аз ҳайати Украина хориҷ шаванд ва воқеият феълан чунин аст. Маврид ба зикр аст, ки моҳи феврали соли равон Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз намуд. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
https://sputnik.tj/20220503/dahho-kumaki-basharii-rusiya-kharkov-1048145993.html
донетск
луганск
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/86/1030028655_45:0:2774:2047_1920x0_80_0_0_0d8faf9198c5906b823c0e74a604bde8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
володин, пошхӯрӣ, русия, украина
володин, пошхӯрӣ, русия, украина
Оғоз шудааст: шарҳи Володин дар бораи эҳтимоли пошхӯрии Украина
12:00 03.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раиси Думаи давлатии Русия назарашро дар мавриди эҳтимоли пошхӯрии давлати Украина баён дошта, таъкид кардааст, ки он аллакай оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Пошхӯрии Украина соли 2014-ум, баъди табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар оғоз шуд, изҳор дошт Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз баъди табаддулоти давлатии соли 2014-ум Қрим аз ҳайати Украина хориҷ шуд. Володин ин нуктаро дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди эҳтимоли пошхӯрии Украина баён дошт.
"Пошхӯрии Украиа баъди табаддулоти давлатӣ, ҳанӯз соли 2014-ум оғоз шуда буд, ки Қрим аз ҳайати он хориҷ гардид", - афзуд ин сиёсатмадор.
Вай ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск низ мустақилияти худро эълон карда, аз ҳайати он хориҷ гардиданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бисёри аз онҳое, ки феълан дар қисматҳои ғарбии Украина зиндагӣ мекунанд, аллакай шаҳрвандии Лаҳистону Булғористонро гирифта истодаанд.
"Тайи вақтҳои охир беш аз 5 млн нафар Украинаро тарк карданд, ки аз ин ҳам ба вазъи Украина эътидол зам намекунад", - таъкид кард роҳбари Думаи давлатӣ.
Вай ҳамчунин хотиррасон кардааст, ки феълан изҳороте аз Херсону дигар вилоятҳо ба гӯш мерасанд, ки мехоҳанд, аз ҳайати Украина хориҷ шаванд ва воқеият феълан чунин аст.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи феврали соли равон Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз намуд. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.