https://sputnik.tj/20220503/shughnon-tandis-sarboz-nomalum-1048152989.html
Дар ноҳияи Шуғнон тандиси сарбози номаълум гузошта мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон тандиси сарбози номаълум гузошта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Муҷассамаи мазкур бахшида ба 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ифтитоҳ гардида, бо мақсади пос доштани хотираи фарзандони шуҷоъ гузаошта мешавад
2022-05-03T17:30+0500
2022-05-03T17:30+0500
2022-05-04T20:57+0500
ҷбв
дар тоҷикистон
дар ҷаҳон
ҷанг
бунёди тандис
муҷассама
шуғнон
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101786/66/1017866655_0:130:2467:1518_1920x0_80_0_0_a283ba76f3808c9a15b2a1aa06ef654f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар маркази ноҳияи Шуғнон тандиси сарбози номаълум бунёд карда шуд, ки дар остонаи Рӯзи ғалаба ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар додаанд.Тибқи гузориши манбаъ, муҷассамаи мазкур бахшида ба 77-солагии Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ифтитоҳ мегардад.Ин тандис ба мақсади пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқи тоҷик ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, бунёд мегардад.Ҳукумати Суғд барои таҷлили Рӯзи ғалаба ним миллион сомонӣ ҷудо кардаастМуҷассама бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бунёд гардидааст.Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу ҷуғрофияи набардҳояш пурдаҳшаттарин ҷанг дар таърихи инсоният арзёбӣ гардида, дар он беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок намудаанд. Амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди 40 давлати ҷаҳон доман густурда буд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз 110 миллион нафар сарбозу афсар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба майдони набардҳо сафарбар гардида, дар озод намудани халқҳои гуногуни Аврупо аз зери асорати фашизм саҳми бузург гузоштанд. Тоҷикистон чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бар зидди фашизм саҳми шоиста гузоштааст. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 300 ҳазор фарзанди далеру шуҷои тоҷик дар муҳорибаҳои шадид бар зидди фашизм иштирок намуда, беш аз 90 ҳазори онҳо аз майдони ҷанг барнагаштанд. 56 ҳазор нафари онҳо ба гирифтани ордену медалҳо, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" ва 54 нафар ба унвони олии ифтихории Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.Номи қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва боз садҳо фарзандони шуҷои миллати тоҷикро метавон номбар кард, ки дар мубориза бар зидди фашизм мардонагӣ нишон дода, дар таъмини Ғалабаи бузург бар фашизм саҳми шоиста гузоштаанд.
https://sputnik.tj/20220429/kumaki-pulii-rustami-emomali-ishtirokdoroni-jbv-1048090659.html
шуғнон
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101786/66/1017866655_136:0:2332:1647_1920x0_80_0_0_a75c799ef9cc41ca13284b1b2fb1662b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шуғнон, вмкб, тоҷикистон, тандис, сарбози номаълум
шуғнон, вмкб, тоҷикистон, тандис, сарбози номаълум
Дар ноҳияи Шуғнон тандиси сарбози номаълум гузошта мешавад
17:30 03.05.2022 (Навсозишуда: 20:57 04.05.2022) Муҷассамаи мазкур бахшида ба 77-солагии Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ифтитоҳ гардида, бо мақсади пос доштани хотираи фарзандони шуҷоъ гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар маркази ноҳияи Шуғнон тандиси сарбози номаълум бунёд карда шуд, ки дар остонаи Рӯзи ғалаба ифтитоҳ мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар додаанд.
Тибқи гузориши манбаъ, муҷассамаи мазкур бахшида ба 77-солагии Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ифтитоҳ мегардад.
Ин тандис ба мақсади пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқи тоҷик ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, бунёд мегардад.
Муҷассама бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бунёд гардидааст.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу ҷуғрофияи набардҳояш пурдаҳшаттарин ҷанг дар таърихи инсоният арзёбӣ гардида, дар он беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок намудаанд.
Амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди 40 давлати ҷаҳон доман густурда буд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз 110 миллион нафар сарбозу афсар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба майдони набардҳо сафарбар гардида, дар озод намудани халқҳои гуногуни Аврупо аз зери асорати фашизм саҳми бузург гузоштанд.
Тоҷикистон чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бар зидди фашизм саҳми шоиста гузоштааст.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 300 ҳазор фарзанди далеру шуҷои тоҷик дар муҳорибаҳои шадид бар зидди фашизм иштирок намуда, беш аз 90 ҳазори онҳо аз майдони ҷанг барнагаштанд.
56 ҳазор нафари онҳо ба гирифтани ордену медалҳо, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" ва 54 нафар ба унвони олии ифтихории Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.
Номи қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва боз садҳо фарзандони шуҷои миллати тоҷикро метавон номбар кард, ки дар мубориза бар зидди фашизм мардонагӣ нишон дода, дар таъмини Ғалабаи бузург бар фашизм саҳми шоиста гузоштаанд.