https://sputnik.tj/20220315/jiyan-nazarboev-bozdosht-1046805179.html
Бардарзодаи Назарбоев барои ду моҳ боздошт шуд
Бардарзодаи Назарбоев барои ду моҳ боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле ки тафтишот идома дорад, Қайрат Сотиболдиулӣ дар боздоштгоҳ хоҳад буд 15.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-15T10:47+0500
2022-03-15T10:47+0500
2022-03-15T13:08+0500
қазоқистон
ом
боздошт
хешованд
нурсултон назарбоев
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0d/1046763982_0:101:1667:1039_1920x0_80_0_0_849ca812d96d9e5dbce3161e4ac79aae.png
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Додгоҳ бародарзодаи раисҷумҳури нахустини Қазоқистонро барои ду моҳ боздошт кард. Дар ин бора Додгоҳи махсуси тафтишотии байни ноҳияҳои Нурсултон хабар додааст. Хадамоти матбуотии ин ниҳод афзуд, дигар маълумоти тафтишоти пешакӣ ифшо намешавад. Қайрат Сотиболдиулӣ рӯзи якшанбе, ҳангоми кӯшиш ба тарки кишвар кардан, ки мехост, ба Дубай парвоз кунад, боздошт шуд. Ин мард дар сӯистифода аз ваколат ва тасарруфи маблағҳои ҶСК "Казақтелеком" ба миқдори калон гумонбар мешавад. Поёни қудрати элбасӣ: Назарбоева аз "январи сиёҳ" гуфту эълони тарки порлумон кардМақомоти интизомӣ даст доштани хеши Назарбоевро дар ҷиноятҳои дигар низ тафтиш мекунанд.Муфаттишон маблағи дақиқро ифшо намекунанд, вале қайд мекунанд, ки "маблағҳо миллиардҳо мебошанд". Соҳибкори боздоштшуда, писари бародари хурдии президенти собиқи ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев Сотиболдӣ Назарбоев аст. Ӯ аз рӯи навиштаи маҷаллаи "Forbes Kazakhstan" ба феҳристи бонуфузтарин тоҷирони ин кишвар ворид шудааст. Сарвати Сотиболдиулӣ 163 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Қайрат Сотиболдиулӣ шарики идоракунандаи "Alatau Capital Invest" мебошад.Изҳои Назарбоевро мерӯбанд: ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон низ тағйири ном мекунадТибқи иттилои расонаҳо, ӯ тавассути як ширкати офшорӣ саҳмияҳои ҶСК "Казақтелеком"-ро дар ихтиёр дорад. Вай дар давраҳои мухталиф муовини раиси шаҳри Остона, муовини аввали раиси КТЖ, котиби Ҳизби “Нур Отан” буд. Қайрат Сотиболдиулӣ низ дар вазифаҳои баландпояи Кумитаи амнияти миллии ин кишвар низ кор мекард.
https://sputnik.tj/20220310/millionho-dollar-tillo-moshin-amvol-raisi-kam-qazoqiston-1046673154.html
қазоқистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0d/1046763982_59:0:1667:1206_1920x0_80_0_0_4084c03807124258b2c052fd94bcfa5c.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, ом, боздошт, хешованд, нурсултон назарбоев, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қазоқистон, ом, боздошт, хешованд, нурсултон назарбоев, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Бардарзодаи Назарбоев барои ду моҳ боздошт шуд
10:47 15.03.2022 (Навсозишуда: 13:08 15.03.2022) Дар ҳоле ки тафтишот идома дорад, Қайрат Сотиболдиулӣ дар боздоштгоҳ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Додгоҳ бародарзодаи раисҷумҳури нахустини Қазоқистонро барои ду моҳ боздошт кард. Дар ин бора Додгоҳи махсуси тафтишотии байни ноҳияҳои Нурсултон хабар додааст.
Хадамоти матбуотии ин ниҳод афзуд, дигар маълумоти тафтишоти пешакӣ ифшо намешавад.
Қайрат Сотиболдиулӣ рӯзи якшанбе, ҳангоми кӯшиш ба тарки кишвар кардан, ки мехост, ба Дубай парвоз кунад, боздошт шуд.
Ин мард дар сӯистифода аз ваколат ва тасарруфи маблағҳои ҶСК "Казақтелеком" ба миқдори калон гумонбар мешавад.
Мақомоти интизомӣ даст доштани хеши Назарбоевро дар ҷиноятҳои дигар низ тафтиш мекунанд.
Муфаттишон маблағи дақиқро ифшо намекунанд, вале қайд мекунанд, ки "маблағҳо миллиардҳо мебошанд".
Соҳибкори боздоштшуда, писари бародари хурдии президенти собиқи ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев Сотиболдӣ Назарбоев аст.
Ӯ аз рӯи навиштаи маҷаллаи "Forbes Kazakhstan" ба феҳристи бонуфузтарин тоҷирони ин кишвар ворид шудааст.
Сарвати Сотиболдиулӣ 163 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Қайрат Сотиболдиулӣ шарики идоракунандаи "Alatau Capital Invest" мебошад.
Тибқи иттилои расонаҳо, ӯ тавассути як ширкати офшорӣ саҳмияҳои ҶСК "Казақтелеком"-ро дар ихтиёр дорад.
Вай дар давраҳои мухталиф муовини раиси шаҳри Остона, муовини аввали раиси КТЖ, котиби Ҳизби “Нур Отан” буд. Қайрат Сотиболдиулӣ низ дар вазифаҳои баландпояи Кумитаи амнияти миллии ин кишвар низ кор мекард.