https://sputnik.tj/20220502/volodin-raisjumhuron-ukraina-siloh-tamin-jinoyatkor-1048133379.html
Володин раисҷумҳуроне, ки Украинаро бо силоҳ таъмин мекунанд, ҷинояткор номид
Володин раисҷумҳуроне, ки Украинаро бо силоҳ таъмин мекунанд, ҷинояткор номид
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Думаи давлатии Русия хост, сарони кишварҳое, ки ба Украина силоҳ мефиристанд, муҷозот шаванд. Ӯ ингуна роҳбарони давлатро ҷинояткор хонд
2022-05-02T13:35+0500
2022-05-02T13:35+0500
2022-05-02T13:35+0500
дар русия
вячеслав володин
сиёсат
украина
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043828978_0:0:3008:1693_1920x0_80_0_0_8816f50f48e5d7342f43bbcf156715e9.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфт, ҳамаи сарони давлатҳое, ки тасмим гирифтаанд, ба Украина силоҳ диҳанд, бояд ҳамчун ҷинояткорони ҷангӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд."Роҳбарони як қатор давлатҳои аврупоӣ бо сарварии Олмон метавонанд халқҳои худро ба мушкилоти бузург кашанд. Онҳо бо таъмини силоҳ ба Украина ҷонибдори низоъ мешаванд... Ҳамаи сарони давлатҳо, ки тасмим гирифтанд, Украинаро бо силоҳ таъмин кунанд,худро доғдор кардаанд ва бояд ҳамчун ҷинояткорони ҷангӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", - навиштааст Володин дар канали Telegram-и худ.Ба гуфтаи ӯ, ҳашт сол пеш фашистон дар Одесса мардуми осоиштаро оташ заданд, сарони давлатҳо хомӯш буданд ва барои ҳифзи мардуми Донбасс ҳеҷ коре накарданд, аммо “ҳоло ҳама кореро мекунанд, ки русҳо дар Украина кушта шаванд".Володин афзуд, ки онҳо низ фоҷиаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва қиматеро, ки барои аз фашизм озод кардани ҷаҳон пардохта мешуд, фаромӯш карданд.Вай ҳамчунин таъкид кард, ки хотираи кӯтоҳи таърихӣ метавонад боиси мушкилоти бузург гардад ва сарони давлатҳо бо амали худ ҷаҳонро ба як фалокат тела медиҳанд.Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
https://sputnik.tj/20220502/turkiya-zelenskiy-maskharaboz-ablah-1048130023.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043828978_277:0:3008:2048_1920x0_80_0_0_0f780180d8dc89c1ecae72f2670dfd27.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вячеслав володин украина силоҳ ҷинояткор
вячеслав володин украина силоҳ ҷинояткор
Володин раисҷумҳуроне, ки Украинаро бо силоҳ таъмин мекунанд, ҷинояткор номид
Раиси Думаи давлатии Русия хост, сарони кишварҳое, ки ба Украина силоҳ мефиристанд, муҷозот шаванд. Ӯ ингуна роҳбарони давлатро ҷинояткор хонд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфт, ҳамаи сарони давлатҳое, ки тасмим гирифтаанд, ба Украина силоҳ диҳанд, бояд ҳамчун ҷинояткорони ҷангӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
"Роҳбарони як қатор давлатҳои аврупоӣ бо сарварии Олмон метавонанд халқҳои худро ба мушкилоти бузург кашанд. Онҳо бо таъмини силоҳ ба Украина ҷонибдори низоъ мешаванд... Ҳамаи сарони давлатҳо, ки тасмим гирифтанд, Украинаро бо силоҳ таъмин кунанд,худро доғдор кардаанд ва бояд ҳамчун ҷинояткорони ҷангӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", - навиштааст Володин дар канали Telegram-и худ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳашт сол пеш фашистон дар Одесса мардуми осоиштаро оташ заданд, сарони давлатҳо хомӯш буданд ва барои ҳифзи мардуми Донбасс ҳеҷ коре накарданд, аммо “ҳоло ҳама кореро мекунанд, ки русҳо дар Украина кушта шаванд".
Володин афзуд, ки онҳо низ фоҷиаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва қиматеро, ки барои аз фашизм озод кардани ҷаҳон пардохта мешуд, фаромӯш карданд.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки хотираи кӯтоҳи таърихӣ метавонад боиси мушкилоти бузург гардад ва сарони давлатҳо бо амали худ ҷаҳонро ба як фалокат тела медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.