Қолибоф: Амрико дар ташдиди ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон нақш дорад

CC BY 4.0 / Tasnim News Agency / Cпикер парламента Исламской Республики Иран Мохаммад Бакер Калибаф
Cпикер парламента Исламской Республики Иран Мохаммад Бакер Калибаф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Пас аз вуқуи ҳамалоти ахир дар Афғонистон, акнун раиси парлумони Эрон мегӯяд, ки Амрико бо истифода аз ДИИШ* дар ташдиди ҳамалоти террористӣ нақш дорад
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси намояндагони Эрон, ахиран гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида аз ДИИШ* барои эҷоди ноамнӣ дар Афғонистон истифода мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории Тасним.
“ИМА аз ДИИШ* барои эҷоди ноамнӣ дар Афғонистон истифода мекунад то эҷоди фитнаи қавмӣ - мазҳабӣ дар ин кишвар, мардум мардуми мазлуми ин кишварро дар буҳрони бесобиқа фуру бубарад”, - гуфт ӯ.
Раиси порлумони Эрон ҳамчунин таъкид кард, Амрико бо истифода аз ДИИШ* дар пайи эҷоди ноамнӣ дар Афғонистон аст.
Қолибоф ҳамчунин изҳор дошт, ки толибон натавонистанд амнияти кишварро таъмин кунанд.
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Ғанӣ: 50 дарсади нуфуси кишвар мехоҳад, ки хокашонро тарк кунанд
Вай таъсиси як ҳукумати фарогирро, ки аз ҳамаи ақвоми Афғонистон намояндагӣ мекунад, зарурӣ донист ва гуфт ин раванд метавонад дар таъмини амнияти пойдор дар ин кишвар кунма кунад.
Иддаоҳо дар бораи нотавонии толибон дар таъмини амният дар Афғонистон дар ҳолест, ки тайи 20 рӯзи ахир дар мадорис ва масоҷиди ин кишвар чанд инфиҷор рух додааст.
Бар асари ин ҳамлаҳои терррористӣ садҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Бояд қайд кард ҳамлаҳои террористиро гурӯҳи ДИИШ* бар уҳда гирифта буд.
* - созмони террористии мамнуъ дар қаламрави Русия
Лентаи хабарҳо
0